«Ювентус» Федерико Кйезаро мефурӯшад?

«Ливерпул» ба бозигари канории «Ювентус» Федерико Кйеза таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Дар мавсими нав «Ювентус» дар Лигаи чемпионҳо иштирок намекунад ва аз ин рӯ, бо эҳтимолияти зиёд, бошгоҳ чанде аз бозигарони калидии хешро мефурӯшад. Федерико Кйеза низ ба мисоли Душан Влахович метавонад тобистон дастаи туриниро тарк намояд.

Аз рӯи маълумоти Tuttomercatoweb, «Ливерпул» атрофи вазъи Кйеза дар Турин назорат бурда, метавонад барои ин футболбоз қариб 40 млн евро пардохт намояд. Гуфта мешавад, ки «Ювентус» мехоҳад барои бозигари худ 60 млн евро ба даст орад.

То ҳол маълум нест, ки «Ювентус» арзиши табъи дилро ба даст меорад ё не, аммо фурӯши бозигар бо нархи тахминии 50 млн евро барояшон варианти қулай хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *