«Z-Analytics Group»: 92 фоизи тоҷикистониҳо Соли навро ҷашн мегиранд
Дар як назарсанҷӣ, ки ширкати «Z-Analytics Group» анҷом додааст, 92 дарсади пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки фарорасии Соли Навро таҷлил хоҳанд кард.
Аз ҳама бештар дилбастагии худро ба маҳфили солинавӣ дар ҳалқаи хонавода, сокинони 46-сола ва боло баён доштаанд. Беш аз ними сокинони дар назарсанҷӣ иштирокнамуда гуфтаанд, ки барои ҷашни солинавии худ оши палав мепазанд. Ҳамчунин салат ва шарбат, ширинӣ, меваю ғизоҳои миллӣ зеби дастархони идонаи онҳо хоҳад буд.Ин назарсанҷиро ширкати Z — Analytics Group, ки дар заминаи гурӯҳи таҳқиқоти иҷтимомии “Зеркало” (“Оина”) таъсис шудааст, миёни 408 сокини синну солашон гуногун ва аз минтақаҳо ва қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд, аз 13 то 17 декабр доир кардааст.Бино ба ин назарсанҷӣ, ҳудуди 8 дар сад сокинон гуфтаанд — фарорасии Соли навро бидуни маҳфили идона пешвоз мегиранд. Ду дарсад таҷлили Соли нави мелодиро тибқи боварҳои динӣ ва каме беш аз 1 дарсад ба сабаби ҷавобгӯ ба суннани миллӣ набудани он, рад кардаанд. Ҳамчунин 1.5 дар сад надоштани имконоти молиро сабаби таҷлил накардани ҷашни Соли нав номидаанд. Вале дар ҳоле, ки барои бисёре аз мардумони ҷаҳон оро додани арчаи солинавӣ ва зери он гузоштани тӯҳфаҳои идона ба кӯдакон як рукни аслии таҷлили ин ҷашн маҳсуб меёбад, аз рӯи натиҷаи назарсанҷӣ, барои 40 дарсади сокинони пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон ин рукн чандон муҳимияте надоштааст.Онҳо гуфтаанд, нияти додани ҳадяҳоро надоранд. Вале ҷонибдорони гарм кардани маҳфили солинавии худ гуфтаанд, ки шириниҳо, тӯҳфаҳои ёдгорӣ ва бозичаҳои бачагона тӯҳфаҳои солинави онҳо ба кӯдакон ва дигар аҳли байташон хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ