Зӯрӣ? Биё, дастхобонӣ кунем…
Таърихчаи пайдоиш
Варзиши дастхобонӣ, ки бо истилоҳи байналмилалӣ «армрестлинг» ба забон гирифта мешавад, барои мардуми тамоми сайёра каму беш шинос аст. Айёми бачагӣ ҳар яки мо аввал қуввати ҳамдигариро дар мусобиқаи дастхобонӣ санҷида, муайян мекардем. Аммо намедонистем, ки он қоидаву усулҳои хоси зӯрсанҷии худро дорад ва надонистани онҳо метавонад шахси ноогоҳро маъюб ҳам гардонад.
Авҷи мусобиқаҳои дастхобонӣ, дар ёд дорам, бештар дар мамолики Ғарб ба мушоҳида мерасид. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ дастхобонӣ солҳои 80-ум асри ХХ бо номи «рукоборцы» бештар дар қисмати аврупоии он паҳн мешуд. Дар Тоҷикистони мо аз мавҷудияти ин навъи варзиш қариб, ки тавсаввуроте надоштем. Ҳатто варзишгарони собиқадори дигар намудҳои зӯрозмоӣ дастхобониро эътироф намекарданд.
Истилоҳи «армрестлинг» аз забони англисии аrm sport, arm wrestling пайдо шудааст. Аrm — бозу гуфтан аст, ки ин қисмати даст бештар дар рақобати байни ду кас нақши ҳалкунандаро мебозад. Яъне, бо тоҷикӣ дастхобонӣ истифода шудани армрестлинг хеле дурусту ба истилоҳсозии қоидахои забонамон ҷавобгӯй мебошад. Ҳангоми зӯрозмоӣ оринҷҳои дастони рости ҳарифон дар рӯйи миз ё хамвории сахту мустаҳкам гузошта шуда, аз панҷаҳои якдигар медоранд ва бо тамоми қувват мекӯшанд дастони ҳамдигарро пуштнокӣ ба рӯйи миз ё ҳамворӣ хобонанд. Ин замон иштирокчиёни мусобиқа бояд як қатор муқаррароти муваққатӣ, техникию тактикиро ҳатман риоя бикунанд.
Ҳарчанд дастхобонӣ намуди олимпии варзиш эътироф нашуда бошад ҳам, дар аксар қитъаҳои дунё роғибони сершуморе пайдо намудааст.
Армрестлинг намуди қадимтарини варзиш буда, солҳои 60-уми асри XIX дар ИМА умри дубора дидааст. Сентябри соли 1962 дар шаҳри Петалумаи йоли Калифорния чемпионати аввалинро доир ба ристрестлинг (англисии wrist wrestling- мусобиқаи банди дастон) баргузор карданд. Солҳои 90-ум ин варзиши аҷиб дар Русия низ ба миён омада, мусобиқаи дастаҳои СССР – ИМА — Канада доир шуд. Он замон ҳамаи дастхобонони шӯравӣ, ба истиснои чемпиони олимпӣ оид ба варзиши вазнин Салтан Раҳмонов, рақобатро бохта буданд. Дастандаркорони шӯравӣ аз ин бохти калон хулосаҳои амиқ бароварда, муяссар гардиданд, ки дар солҳои баъдӣ варзишгарони шӯравӣ ва Русияро ба фатҳи қуллаҳои баланди армрестлинг расонанд. Нахустин чемпиони ҷаҳон аз СССР Казбек Золоев 10 октябри соли 1992 дар вазни то 180 фунт ( шаҳри Петалумаи йоли Калифорнияи ИМА) эътироф гардид. Пас аз ин Казбек Золоев боз чандин бор унвони чемпиони ҷаҳонро дар дастхобонӣ соҳиб гашт. Ба ин унвони ифтихорӣ варзишгарони шӯравӣ Маирбеку Ҳоҷимурод Золоевҳо, украинҳо Р. Бабаев, Е. Прудник ва А. Пушкар, русиягиҳо А. Кузнетсов, И. Турчинская, Виктория Габагкова, Иброҳим Иброҳимов, А. Юнков, Алан Караев, Расул Чотчаев, Дагир Тебуев, Роберт Чомаев, Казбек Чагаров ва дигарон сарфароз гардидаанд.
Имрӯз армрестлингчиёни (дастхобонони) Русия аз дастаҳои пурзӯртарин дар сайёра ба шумор мераванд. Саҳми чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон Алексей Воевода дар рушди ин намуди варзиш хеле чашмрас мебошад. Ӯ аз армсорт бе мағлубият ба варзиши бобслей гузашт. Ҳоло корномаи ӯро Денис Сипленков, ки унвони чемпиони ҷаҳонро оид ба армрестлинг сазовор шудааст, бомуваффақият давом медиҳад.
Зӯри бозуи тоҷиконро кай ҳис мекунанд?
Варзишгари қавибозу Акмал Қодировро аз шаҳри бостонии Истаравшан метавон аз асосгузорони варзиши армрестлинг дар Тоҷикистон шинохт. Ҷолибу тахсиркунанда он аст, ки Акмал унвони баланди чемпиони ҷаҳони армрестлингро ҳамчун варзишгари маъюб сарфароз гардидааст. Ӯ варзишгари замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, ҳам бо дасти росту ҳам бо дасти чап баробар зӯри бозу меозмояд. Аз бачагӣ ба пойи дардмандаш нигоҳ накарда, дар пайравӣ ба варзишгарони русиягӣ ва дигар хориҷиён зиндадилона ба машқҳои дастхобонӣ камари ҳиммат баст. Дар ҳар машқу тамрин ҳазорон кило вазнро фатҳ намуд ва бо дастгирии сарпарастон дар мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда, борҳо унвони чемпионии кишварро дар байни варзишгарони ба даст овард. Айни замон, дар шаҳри азизаш насли наврасро ба мусобиқаҳо омода месозад.
Дастхобонӣ дар байни варзишгарони дигари кишвар пайравонашро солҳои охир пайдо кардан дорад. Чаро ба он назар ба кишварҳои дигар дар мо дертар рӯ овардаанд? Сабаби асосиро масъулони варзиш аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар намуди олимпӣ набудани армрестлинг мешуморанд.
Ва боиси нишот аст, ки роғибону шавқмандони дастхобонӣ ба умеди марҳамату илтифоти мақомоти номбурдаи варзиш нашуда, чанд сол пеш Ассотсиатсияи варзиши дастхобонии (армспорти) Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, мусобиқаҳои дохилиро мегузаронанд ва дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ширкат меварзанд. Васоити ахбори русзабони кишвар маҳз аз раиси ассотсиатсияи мазкур Фарҳод Султонов дар бораи дастовардҳои армрестлингчиёни Тоҷикистон иттилооти тоза ба даст меоранд.
Масалан, ҳафтае пеш варзишгари умедбахш Исматулло Умаров дар ду мусобиқаи байналмилалии армрестлинги Русия иштирок карда, дар вазни 80 кг натиҷаҳои назаррасро ноил шуд. Исматулло дар мусобиқаи умумирусиягӣ оид ба армрестлинг таҳти унвони «Хирси Сибир» («Сибирский медведь»), ки дар шаҳри Омск барпо шуд, медали нуқраро дар зӯрозмоӣ бо дасти рост ва медали биринҷиро бо дасти чап соҳиб гашт. Дар ин мусобиқа садҳо варзишгарон аз Русия ва дигар мамолики Аврупо ширкат варзиданд.
Аз ин пештар Исматулло Умаров, инчунин, ду медали биринҷии фестивали варзишии умумирусиягиро бо номи «Танкоград» дар вазни 70 кг дар зӯрозмоӣ бо дасти чап ва дасти рост комёб гашта буд.
— Воқеан, дар соли сипаришуда варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногун натиҷаҳои хуб нишон доданд, — гуфт раиси Ассотсиатсияи варзиши дастхобонии (армспорти) кишвар Фарҳод Султонов. – Айни замон, варзишгарони мо ба мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ омодагии пурра дида истодаанд. Чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё дар вазнҳои гуногун аз шумори онҳост. Аллакай дар шаҳри Табошар ҷамъомади таълимиро баҳри тайёрӣ дидан ба чемпионати Осиё ( 5-11 июн дар Қирғизистон ) баргузор кардем. Моҳи август бо дастаи мунтахаби АМА ҷамъомадҳои муштарак доир мекунем. Чемпионати ҷаҳон оид ба армрестлинг 2-12 октябри соли равон дар Венгрия баргузор хоҳад шуд. Мо ҳоло дар ҷустуҷӯи сарпараст ба ин мусобиқаҳо мебошем.
Дастхобонони Тоҷикистон аз чемпионати 15-уми кушодаи Осиё дар шаҳри Тошканд 7 медали тилло, 5 медали нуқра ва 6 медали биринҷиро ба даст оварданд.
Эмоми НАЗАРИЁН,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ