Зӯргадоҳо ва қиссаи гадобачаи “якдаста”
Он саҳарӣ фарроши идораамон холаи Фаришта гиребонашро дошта “тавба – тавба” мегуфт.
— Боз чӣ шуд? — ҳайрон шуда пурсидам аз ӯ.
Фаришта – хола нақли аҷибе кард:
— Аз роҳи зеризаминии назди бинои Сирк мегузаштам. Писарбачаи 10-12-солае, ки як дасташ набуд, рӯйи зинаҳои роҳрав сараш хам нишаста гадоӣ мекард. Роҳгузарон ин кӯдаки якдастаро дида, дилашон месӯхту яке қатра ашк рехта, яке зери лаб “тавба” карда, рӯйи рӯймолчаи ӯ чанд дирам ё сомонӣ мепартофтанд. Писарбача ҳамоно сархам истода, гоҳо як китфашро чунон меларзонд, ки гӯё гирифтори бемории вараҷа бошад. Дуртар аз бачаи гадо чанд зан истода, амалҳои ӯро бо табассум, мисле аз чизе огоҳ бошанд, назорат мекарданд. Ин дам яке аз онҳо мисле ки тоқаташ тоқ шуда бошад, ба шаст омад ва дасташро ба пироҳани гадобача андохта, дасташро берун баровард. Писарбача аз дасти зан халос шуда чунон гурехт, ки натавонистем ӯро дастгир кунем.
Он зан ки Хиромон ном дошт, гуфт чанд рӯз ин гадобачаро пайигирӣ мекардааст.
Дар ҳама мамлакатҳои дунё гадоҳо ҳастанд. Онҳо аз ночорӣ ба ин кор машғул мешаванд, аммо лӯлиҳо бошанд, аз рӯйи одат. Гадоҳо гоҳ ба воситаи ҷоду, гоҳ худро бечораҳол вонамуд карда, сари роҳе нишаста ё хона ба хона гашта, бо илтиҷо аз мардум пайса талаб мекунанд. Аммо суоле сар мезанад, ки онҳо воқеан муҳтоҷанд? Ё ин гуна роҳи дарёфти пули “бедарди миён”-ро пайдо кардаанд.
Ба қарибӣ кормандони милитсия ҷавонеро боздошт карданд, ки худро маҷруҳ вонамуд карда, байни роҳҳои нақлиётгард ба гадоӣ машғул буд. Мутаассифона, солҳои охир дар Тоҷикистон шумораи ин гуна гадоҳои солиму бадавлат ва найрангбоз меафзояд.
Аммо воқеан миёни гадоҳо ҳастанд онҳое, ки воқеан муҳтоҷанд. Таня–холаи 90-сола дар роҳи зеризаминии назди бинои “Агроинвестбонк” рӯйи курсие нишаста, ба талбандагӣ машғул аст. Зимни суҳбат Таня –хола ба мо гуфт, 200 сомонӣ нафақа мегираду дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ дорад. Пули обу барқу партов месупорад. Азбаски касе ёрмандиаш намекунад, маҷбур аст, ки ба ин кор машғул шавад. Пуле ки аз талбандагӣ меёбад, барои хӯроквориву доруворӣ масраф мешавад.
— Ман аз касе илтиҷо намекунам, агар доданд, мегирам, надоданд, хафа ҳам намешавам. Мардуми тоҷик хеле дилсӯзу меҳрубонанд, дасти хайрашонро сӯйи бенавою бечораҳо пайваста дароз мекунанд, -мегӯяд Таня-хола.
Аняи 45-сола бошад, аз ду пояш маҳрум аст. Ӯ дар назди Дармонгоҳи шаҳрии№1 машғули талбандагист. Саргузашти талх дорад. Дар ҷавонӣ нимашаб хонаашон ба коми оташ меафтаду шавҳараш мефавтад, худаш бо писарчаи хурдсолаш аз ду пой маҳрум гашта, зинда мемонад. Аня гуфт, ки ягона писраш дар зиндон асту маҷбур аст, ки гадоӣ кунад.
— Ҳамин ки бачаам аз маҳбас баромад, гадоиро бас кардаву дар хона нишаста дам мегирам, – бо умед мегӯяд Аня. Антони писараш бошад, моҳи июни соли равон аз маҳбас озод шуд. Аммо ҳамоно Аня машғули талбандагист. Аз ӯ сабаб пурсидам. Маълум шуд, ки писараш боз ҷиноят содир карда равони зиндон шудааст.
Аммо дар кӯчаҳои шаҳр мо бештар шоҳиди бо роҳи зӯроварӣ пул канда гирифтани гадоҳо ҳам мешавем. Ин гуна гадоҳо ҳам зиёданд: Инро мо аз суҳбат бо мӯйсафеде, ки дар яке аз бозорҳои пойтахт асал мефурӯхту худро Алишо муаррифӣ кард, фаҳмидем.
– Нафароне ҳастанд, ки омада андак – андак борҳои моро ҳам, ҳай “обед“ мекунем гуфта, гирифта бепул мебаранд. Гадоҳои кӯчагӣ беозоранд, вале аз кори ин зӯргадоҳо табъи кас хира мешавад. Онҳо на аз Худо метарсанду на аз қонун.
Ба онҳо мувофиқи тавонамон ёрӣ мерасонем, вале гадо аз гадо фарқ доштанро набояд аз лавҳи хотир дур кунем. Дар олам “гадоҳо”-е ҳастанд, ки аз мо бадавлату солимтаранд ва онҳо бе кумаки мо ҳам шоҳона аробаи зиндагиашонро пеш бурда метавонанд. Шумо чӣ мегӯед?
Иззатбеки
Идизод,
” Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ