Зӯри тротил ба садди сунъӣ нарасид

Садди сунъие, ки дар натиҷаи омадани сел аз ҷониби Афғонистон пеши роҳи рӯди Панҷро баста, дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кӯли сунъиро ба вуҷуд оварда буд, бо вуҷуди мунфаҷир кардани 100 кило тротил рахна нашудааст. Маводи таркандаро мутахассисони пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дастрас карда, ба хотири рахна намудани садди сунъӣ дар маҷрои дарёи Панҷ ба кор дароварданд.

Наим Мираков, раиси идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Бадахшон гуфт, рӯзи гузашта ҳарбиёни пойгоҳи 201-ум барои рахна кардани садди оби дарёи Панҷ дар назди мавзеи Ширговади Дарвоз маводи мунфаҷираро тарконданд, “аммо фоида накард. Пеши об ҳоло ҳам баста аст ва сатҳи об паст нашудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *