З0 ҳазор ҷарима ва ҳукми ихроҷ барои ташкили намози ҷамоат

Маркази ҳомии ҳуқуқи «Сова» хабар медиҳад, ки мақомоти Русия дар шаҳри Тулаи як шаҳрванди Тоҷикистонро барои баргузории намозҳо дар як хобгоҳ 30 ҳазор рубл ҷарима ва ҳукми ихроҷашро аз қаламрави Русия баровардааст.

Хабаргузории «Парс тудей» бо такя ба маълумоти маркази ҳомии ҳуқуқи инсони Сова хабар медиҳад, ки мақомоти қудратӣ муддаӣ шудаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар утоқи хеш дар хобгоҳи коргарони муҳоҷири тоҷикстонӣ дар шаҳри Тулаи Русия барои 15 нафар намоз ташкил мекард, дар ҳоле, ки иҷозатномаи расмии идораи муфтиёти ин минтақаро надоштааст.

Додгоҳи маҳаллӣ ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми фаъолитҳои ғайримуҷози таблиғотӣ ва ҳамоҳанг накардани хондани намози ҷамоат бо идораи муфтиёти шаҳри Тула ба пардохти ҷаримаи молӣ ба маблағи 30 ҳазор рубли русӣ ва ихроҷ аз қаламрави Русия маҳкум кардааст.

Ёдовар мешавем, Русия ба мисли дигар кишварҳо дар замони авҷи маризии коронавирус баргузор намудани намози оммаро манъ карда буд.

Анқариб муддати ду моҳ масоҷид дар Русия барои намозгузор баста буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *