Заҳри ятимӣ ва шаҳди зиндагӣ. Ҳадиса Қурбонова сафҳаҳои зиндагиашро варақ мезанад

Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳадиса Қурбонова, ки навиштаҳояш ҳамеша боиси сарусадо дар ҷомеа мегардад, 80 — сола шуд. Асарҳои Ҳадиса бо шеваи баёни тезутундашон миёни мардум маъруфият доранд. Сарнавишти талхи Ҷумъа Одина, тӯфони зидди Ҷӯрабек Муродов, қазияи зиндонӣ шудани Бозор Собир, марги мармузи Лоиқ ва мақолаҳои интиқодии ӯ нисбати ноадолатиҳо дар муҳити адабиёти тоҷик шингиле аз асарҳои пурсарусадои ӯст…

Оғоз

Вақте ба табрики Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳадиса Қурбонова рафтам, ӯ миёни анбӯҳи китобу дастнависҳо нишаставу кор мекард:

-Баъд аз навиштани достонҳои калонҳаҷм дар мавриди рӯзгори Ҳилолӣ, Мавлавӣ, Хайём, Шоҳин ва Ҳофиз дар бораи Бедил достон менависам… Ин достон рӯзгори ин шоири бузургро, ки сароғози шеъри бузург аст, бозгӯ мекунад. Шояд суол диҳед, ки чаро Бедил? Барои он ки шеъри ӯро дӯст медорам, ӯ тоҷиктарин шоир аст, ки адабиёти форсӣ 200 сол аз ҳалқаи сохтаи ӯ берун набаромад…

Чун ба шоир гуфтам, ки барои табрики мавлудаш омадам, ба андеша фурӯ рафту гуфт:

-Имрӯз чандум аст?.. Аллакай?.. Аз серкорӣ зодрӯзамро ҳам фаромӯш кардаам… Ман аслан намедонам, ки чандсола ҳастам ва дар кадом рӯзу кадом моҳ таваллуд шудаам. Шояд 80 — сола бошам, шояд ду сол хурд ва ё ду сол калон, Худо медонад. Вале чун дар ҳуҷҷатҳо 17 феврал нишон дода шудааст, онро қабул кардаам ва ҳамасола онро таҷлил мекунам…

-Чӣ тавр шуд, ки санаи таваллуди худро намедонед? – дар ҳайрат мепурсам аз ҳамсуҳбатам.

-Кӯдакии ман пур аз азобу уқубат ва дарду ранҷ, дар ятимхонаҳо пушти сар шуд…

Ашк дар чашмони мизбон ҳалқа мезанад ва баъди андаке таҳаммул сафҳаҳои зиндагиро варақгардон мекунад.

Заҳри ятимӣ

…Вақти як ё якунимсола буданам, Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз мешавад ва падарам, Усто Қурбонро ба фронт мебаранд. Дере нагузашта модарам мефавтад ва ман ҳамроҳи апаи 6 ё 7 — солаам Оиша бесоҳиб мемонам… Раиси колхози деҳаи мо — деҳаи Шӯркаҳаки ноҳияи Сарихосор Бобои Раҳмат, ки бо падарам робитаи дӯстӣ доштааст, моро муваққатан ба тарбияи як зан медиҳад, вале ӯ ба ҷойи меҳри модарӣ заҳри ятимиро ба мо мечашонад. Оишаро бераҳмона мезанад, маро хуб нигоҳубин намекунад. Ман, ки кӯдаки ғашноку гирёнчак будаам, ӯро ба қаҳр меовардам ва он зан алами маро аз Оишаи бечора мегирифт.

Бинобар ин, Оиша мехоҳад, ки аз ман халос шавад ва маро низ аз азоб раҳо кунад. Бинобар ин, ба хулосае меояд, ки маро ба ҷарӣ партояд, то ки тӯъмаи лошахӯрон шавам…

Оиша ин саҳнаро чунин нақл мекард: «Ту дар дастам, лаби ҷарӣ нишастаму ба фикр фурӯ рафтам: агар туро партоям, танҳо мемонам, агар напартоям ҳар ду азоб мекашем…”

Ҳамин вақт Бобои Раҳмат аз роҳ мегузарад ва якбора моро дида: — «Э, духтари Усто Қурбон, аз назди ҷар дур исто, хоҳаратро наафтонӣ…”-гӯён нидо мекунад.

Вале чун нияти Оишаро мефаҳмад, ӯро боздошта моро ба хонаи холаам мебарад ва ба тарбияи вай медиҳад. 

Ҳамин тавр, чанд муддат дар хонаи холаам меистем, вале ӯ фарзандони худро таъмин карда наметавонист, зиндагӣ вазнин буд. Илова бар ин, ӯ ба зинда мондани мани бемор бовар надошт ва намехост, ки масъулияти марги маро ба гардан бигирад. Бинобар ин, ба хулоса меояд, ки моро ба ятимхона супорад.

Ҳамин тавр, кӯдакии ман дар ятимхонаҳои Сари Хосор, Балҷувон, Унҷии Хуҷанд, Шаҳринав ва Душанбе бо сахтиву талхӣ ва душвориҳо сипарӣ шуд…

Шаҳидӣ: «Аз ин ятимдухтар ёд гиред»

Вақти дар Унҷӣ буданамон як рӯз аз мо имтиҳон гирифта, маро ба мактаби мусиқӣ қабул карданд. Дар ин мактаб, мо тарзи навохтани асбобҳои мусиқӣ, нотаҳо ва сурудхониро меомӯхтем. Баъд аз он ки моро ба Душанбе, ба интернати бачаҳои болаёқат оварданд, дар синфи рубоб таҳсил мекардам. Мехостанд, ки мо рубобчӣ шавем, вале дар ин мактаб бемории лишай омад ва ман таҳсилро дар мактаби мусиқӣ қатъ кардам…

Ман аз кӯдакӣ дарк кардам, ки касе надорам. Ятимиву танҳоӣ осон нест, ин тарс, даҳшат аст! Вале мусиқӣ дар ҳаёти ман нақши бузург гузошт. Мусиқӣ, барои мани ятим розшунав шуд… Ман дар вақти холӣ ҳамеша сари пианино нишаста, менавохтам ва мегиристаму хурсанд мешудам…

Дар интернат ба навохтани ман Муҳиба ном духтарак таваҷҷуҳ карда, аз ман пурсид:

-Рӯзи истироҳат шуд, ту ба куҷо меравӣ?

-Ман касе надорам, ҳамин ҷо мемонам, — посух додам.

-Биё, ҳамроҳи ман ба хонаи амакам меравем, — гуфт Муҳиба.

Ман розӣ шудам. Вақте вориди ҳавлии амаки Муҳиба шудем, он ҷо тушбера омода мекарданд… Нигоҳ кунам, дари хонаи дарун кушодаву пианино истодааст. Ман, ки бекор будам, хона даромада, дарро пӯшидам ба навохтан оғоз кардам. Фаромӯш кардаам, ки дар хонаи дигар кас ҳастам.

Як вақт дасте сарамро сила кард. Аз тарс шах шудам. Сарамро боло кунам, ҳама қатор, тамошо доранд…

Соҳиби даст, марди хушқадуқомати меҳрубон ба фарзандонаш нигоҳ карда гуфт: — «Толиб, Мунира… омӯзед, аз ин духтари ятиму бекас…»

Ин хона, хонаи бузургтарин композитори тоҷик, ва ин мард Зиёдулло Муқаддасович Шаҳидӣ буданд… Баъдан ман борҳо ба хонаи онҳо рафтаам. То ҳол, ҳар гоҳ Толибро бинам, мегӯяд, аз пушти навохтани шумо мо ҳамин корро қапидем. Имрӯз Толибхон обрӯйи мусиқии тоҷик аст…

Шеъри аввалин

Гумон мекунам, ки шеър дар ҳаёти ман ба воситаи мусиқӣ ворид шуд. Вақте дар синфи 9-и интернат таҳсил мекардам, моро барои саёҳат ба кӯҳҳо бурданд. Зиёд китоб мехондам… Ҳамон рӯз ҳам дар дастам, “Граф Монтекристо”-и А.Дюма буд. Зери дарахти бодом, ки гулпӯш буд, ғарқи мутолиа шудам. Вақте сарамро бардоштам, манзараи аҷиберо дидам: бодоми гулпӯш, ҷӯйчаи мусаффо, кӯҳу даман гулпӯш, ятимбачаҳо дар чор тараф бозӣ мекунанд. Ва ҳам  ин лаҳза дар зеҳнам ин ҳарфҳо пайдо шуданд: 

Гардидем мо раҳсипор,

Ба дашту саҳро, кӯҳсор,

Ба чидани лолаҳо,

Баҳри сайру тамошо.

Мо ҳама ба ҳаёҳу,

Ба ҷастухез чу оҳу,

Лаби чашма нишастем,

Аз оби он нӯшидем

Ба раҳамон кӯшидем…

Ва монанди ҳамин, чизҳои дигарро дар як варақ навиштам ва ба муаллимаи адабиёт нишон додам. Муаллима гуфт, ки шеърро ба Иттифоқи нависандагон бар… Иттифоқ рафтам, маро ба назди  устод Боқӣ Раҳмизода фиристоданд… Устод шеърро хонда гуфтанд: “Ба редаксияи “Пионери Тоҷикистон” равед ва шеъратонро ба Акбар Қодирӣ диҳед. “Пионер…” рафтам, маро як духтари зебои тӯппидор, ки баъдан Мавҷуда Ҳакимова буданашро донистам, пешвоз гирифта, ба назди Қодирӣ бурд. Чанд рӯз баъд ин шеър дар саҳифаи якуми “Пионер…” чоп шуд…

Ҳамин тавр, ман чанд шеър дар рӯзномаҳо чоп кардам. Баъди хатми  университет барои таҳсил ба Маскав рафтам ва баъди баргаштнам корманди радиову нашриёт шудам, яъне ҳаётам ба адабиёт пайванд шуд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста маро медонистагӣ, мешинохтагӣ шуданд. Китоби аввалинам таҳти унвони “Паймон” бо сарсухани устод Мирсаид Миршакар ба табъ расид. Шеърҳоям суруд шуд ва шукр то имрӯз китобҳои зиёде навиштам…

Аз Ҷумъа Одина то Ҷӯрабек Муродов

Вақте дар радио кор мекардам, Даврон Ашӯров маро ба нашриёт даъват карданд. Кори нашриёт ба шоир мувофиқ аст, зеро барои мутолиа ва эҷод вақт ёфтан имкон дорад. Дар нашриёт бо нависандаи маъруф, марди шариф Ҷумъа Одина ҳамкор шудам. 

Ҷумъа Одина марди шариф, якрӯ, покиза, интиллигент ва донишманд буд. Повесташ “Иншо дар мавзӯи озод” ва романи “Гузашти айём”-аш аллакай ғулғула афканда буданд.

Кор омадани ман ба дасисаҳои ба сари Ҷумъа Одина омада мувофиқ афтод. Ӯ аллакай ду маротиба инфаркт шуда буд.

Кашимакашиҳо баъди нобуд кардани тиражи “Гузашти айём” ҳам поён намеёфт. Кумитаи марказии ҳизби коммунист ба Ҷумъа Одина фишор меовард. Билохира, ӯ ҷавонмарг шуд. Нависандаро рӯйрост куштанд…

Марги Ҷумъа Одинаро ман ба қотилонаш бахшида наметавонистам, бинобар ин, романи ҳуҷҷатии “Теғи одамкуш”-ро навиштам. Гарчанде барои ин асар бисёриҳо аз ман ранҷиданд, чунки ман парда аз чеҳраашон бардоштам, вале пушаймон нестам, зеро ҳақро навиштам… Оғози солҳои 90-ум як гурӯҳ одамон ба Ҳунарманди халқии СССР, дӯсти азизи ман, Ҷӯрабек Муродов дарафтоданд. Барои ҳимояи Ҷӯрбаек ва маҳкум кардани бадхоҳонаш аввал мақола, сипас достони “Туфон”-ро навиштам.

Солҳои охир саргузашти пурпечутоби Бозор Собирро ба нашр расонидам. Симои дӯстам Лоиқро ҳам дар достони “Лоиқ намеояд дигар” ва ҳам дар ёддошти “Лоиқи дилҳо” таҳия кардам, ки ҳафтаномаи “Тоҷикистон” онро чоп кард.

Шояд суол диҳанд, ки чаро ман дар мавриди ашхоси зикршуда асар навиштам? Посух медиҳам. Ман муқобили ноадолатӣ, муқобили бузургкушӣ, муқобили дасисабозӣ ҳастам. Ин нафаронро ба чунин гирдоб ғӯтонида, хостанд нобуд кунанд…

Худи маро, ин гурӯҳ нобуд карданӣ шуданд. Нотавонбинон маро пешпо доданӣ буданд, вале…

Қазияи ҷоизаи Рӯдакӣ

Ман аслан аз ҷавонӣ шеърҳои лирикӣ ва суруд менавиштам. Вале чун синну сол гузашт ва таҷриба ба даст овардам, анъанаи адабиёти классикиро идома дода, ба жанри душвортарини адабиёт достоннависӣ машғул шудам. Ҳамин тавр, достонҳои “Меҳвари ишқ” (Мавлавӣ), “Хаймаи Хайём”, “Ҳилолӣ”, “Шоҳин”, “Саддом Ҳусейн”, “Хатлон” ва солҳои охир “Ҳофиз”-ро навиштам. Феълан, достони “Бедил”-ро менависам.

Ман барвақт унвони Шоири халқии Тоҷикистонро сазовор шудам. Мувофиқи оиннома баъди чанд соли дарёфти ин ҷоиза чор достонамро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ пешбарӣ кардам.

Достонҳои ман тавсияномаҳои иттиҳодияи эҷодӣ ва адабиётшиносони номӣ – устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Шоирони халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат, Гулназар, Сайидалӣ Маъмур, нависандаҳои халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Кӯҳзод, адабиётшиносони номӣ Абдураҳмони Абдуманнон, Мубашшир Акбарзод ва дигаронро гирифта, барои гирифтани ҷоиза пешбарӣ шуд. Аммо дар комиссияи Ҷоизаи Рӯдакӣ чанд нафар аз “дӯстон”-и қадимии ман, ки дар асл нотавонбинон ҳастанд, достонҳои маро гардонида, ҷоизаро ба ман надоданд.

Ман дар ибтидо ором будам, вале дар як ҷаласа дар паҳлӯи устод Мӯъмин Қаноат менишастам, ки яке аз шоираҳои номдор омада гуфт: — “Мо дастҷамъӣ чор достони калонҳаҷми туро аз ҷоиза ғалтондем”. Устод Мӯъмин Қаноат гуфтанд: “Инҳоро рӯҳи бузургон занад”…

Баъди ин ман дар матбуот кӣ будани ин нотавонбинон, чеҳраи воқеии инҳоро нишон додам.

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ман душмани Иттифоқи нависандагон бошам. Не, ман душманнестам. Ман дар ҷавонӣ, дар замони барҳаёт будани устод Мирзо Турсунзода ба муҳити адабиёт роҳ ёфта, узви иттифоқ шудам. Ман мехоҳам, ки Иттифоқи нависандагон адибонро муттаҳид кунад, дастгирӣ намояд, на ин ки ҷудоиву нифоқ андозад…

Касе ба сари мо мезанад…

Ман феълан бештар дар хона ҳастам ва пайваста кор мекунам. Солҳои охир достони “Шоҳин” ва “Ҳофиз”-ро навиштам. Феълан, тавре гуфтам, достони “Бедил”-ам дар ҳоли таҳриру тасҳеҳ аст…

Мунтахаби осори насриву публитсистиамро ҷамъ оварда, дар ду китоби калонҳаҷм (ҳар яке зиёда аз 700 саҳ.), таҳти унвони “Мазҳари Хуршед” ба табъ расонидам.

Девонамро ба чоп омода карда,  дар ду ҷилд таҳти унвони “Сарир” (ҳар ду зиёда аз 900 саҳ.) бо сифати баланд чоп кардам.

Акнун, намедонам умри ман чӣ қадар мондааст, бояд нақшаҳои эҷодиамро ба сомон расонам.

Зиёфатгардӣ, маҳфилу маҷлисравиро дӯст намедорам. Беҳтарин  истироҳат бароям кор аст… 

Ман ки сағера калон шудам, тамоми умр сағера, бекас бепушту паноҳ будам. Худам бо зӯри худам ба ин рӯз расидам. Зиёд маро пешпо доданд, шикастанӣ шуданд, озору азиятам доданд, вале мо кӯдакони ятимхона ҳам осоншикан нестем… Мо дар вазниниҳо ба воя расида, обутоб ёфтем ва мисли пӯлод гудохта шудем, касе ба сари  мо мезанад, дасти худаш ба дард меояд…

Ҷоизаҳои ман

Бузургтарин ҷоиза дар зиндагӣ барои ман духтаронам ҳастанд. Се духтар дорам, ки шукр бообрӯ калон карда, хононда, ба шоҳроҳи зиндагӣ баровардам. Имрӯз онҳо Ҳадисаи сағераро болу пар ҳастанд, соҳибӣ мекунанд. Ду нафарашон табиб, як нафарашон корманди ширкати хориҷӣ.

Сарамро ба болин монам, гирдам парвона мешаванд, маро пир шудан намемонанд, ба хориҷа саёҳат мебаранд. Шукр, барои як модар доштани чунин фарзандон саодат аст.

Ҷоизаи баланди ман дар адабиёт хонандаҳоям мебошанд. Онҳо маро болу пар мебахшанд, дар кӯчаҳо бинанд мешиносанд, телефон мекунанд. Як нафараш мегӯяд:

Ҳар субҳ вақте хеста, аз ҳавои тoзаи ватан нафас мекашам ва дар оби мусаффои ҷӯйи равон рӯй мешӯям, бо шеъри шумо дуо мекунам:

Шукри обат,

Шукри хокат,

Шукри шому шукри субҳи атрнокат,

Тоҷикистони азизам,

Модари ҷони азизам.

Ин сурудро Нуқра Раҳматоваи нозанин месарояд, чанд рӯз қабл дар интеренет дидам, ки як африқоӣ сароидааст…

Умуман, сарояндаҳо ба эҷодиёти ман аз ҷавониам таваҷҷуҳ доштанд. Барно Исҳоқова, Ҷурабек Муродов, Нуқра Раҳматова, Парвин Юсуфӣ ва даҳҳо сарояндаи дигар зиёда аз сад суруди маро хондаанд…

Ба ҷойи охирсухан

Ман, як сағераи ятимхонаро Тоҷикистони азизам ба воя расонид, хононд, шоир кард, обрӯ дод… Шукр, ки ман ҳам дар ивази ин хиёнат накардам, мардумро ба майдонҳо ба ҷанг накашидам, барои ҷудоӣ талош накардам, балки то тавонистам хизмат кардам… Хизмати ман китобҳоям аст, ки зебоиҳои кишварамро тараннум карда, бузургонашоро пос доштам ва дастовардашро барои ояндагон рӯйи қоғаз овардам.

Одил Нозир,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *