Заҳр дар Данғара як касро кушту…

Вазъи се нафари онҳо, ки аз 15 то 47-сола ҳастанд, вазнин аст.

Бар натаҷаи заҳролудшавӣ аз бодирингу помидори консервашуда дар ноҳияи Данғара 11 нафар заҳролуд шуда, яке аз онҳо фавтидааст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ҳоло ҳашт нафар бистарианд. Вазъи се нафари онҳо, ки аз 15 то 47-сола ҳастанд, вазнин гуфта мешавад.

«Вазъи саломати 5 каси дигар хуб аст ва ҳамаи онҳо муолиҷа мешаванд», — гуфтанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 3-юми ноябр. Айни замон мақомот аз сокинон хостаанд, ки ҳангоми омода кардани консерваи бодирингу помидор дар хона қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Моҳи декабри соли 2017 чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда заҳролуд шуда буданд.

Соли 2012 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бар асари истеъмоли консерваи заҳролуд як нафар ҷони худро аз даст дод. Соли 2016 низ 3 нафар дар Кӯлоб аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд.Чунин ҳодисаҳо аксаран бар асари заҳролуд шудани маводҳои консервашуда рух медиҳанд.



Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *