Заҳролудкунии одамон ва мӯҳри махфӣ ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонов
Дар нишасти матбуотии Прокурори генералӣ имрӯз, 9 август иттилоъ дода шуд, ки давоми шашмоҳаи якуми соли 2024 аз ҷониби Прокуратураи генералӣ вобаста ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ 4 412 санҷиш гузаронида шуда, 2 535 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 41 300 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида шуданд.
Ҳуқуқу манфиатҳои 115 600 нафар барқарор гардид. Ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон таҳти назорати доимии мақомоти прокуратура қарор дошта, барои гузаронидани санҷишҳои беасос, дахолат ба фаъолияти соҳибкорон, ғайриқонунӣ аз онҳо ситонидани маблағ ва дигар қонуншиканиҳо 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 180 шахси мансабдор ба ҷавобгарии гуногун кашида шуд.
Дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 670 (124-то нисбат ба мансабдорон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 83 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида ва 2, 5 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор шуд.
Дар ин давра 4440 қонунвайронкунии ҳифзи меҳнат ошкор ва 70 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 2700 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида шуданд.
Ҳамчунин, барои вайрон кардани танзими ҷашну маросим 1100 нафар ва таълиму тарбияи кӯдак 3089 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 138 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсили ҳатмии асосӣ ва 230 таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 329 нафар (177 нафар ноболиғон) ошкор ва тадбирандешӣ карда шуд.
Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ба саволи хабарнигорон дар масъалаи пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ҷавоб гуфта истода, боздошти беш аз 20 нафарро барои қасди акти террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт:
“ Дар ҳақиқат, содиршавии акти террористӣ бо роҳи заҳролудкунии гурӯҳи одамон дар арафаи Ҷашни Наврӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ карда шуд ва дар робита ба он зиёда аз 20 аъзои ташкилоти террористии ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнӯъ) дастгир карда шудаанд”, -гуфт номбурда.
Ба саволи хабарнигорон оид ба боздошти як гуруҳ ашхоси номдор, аз ҷумла, собиқ депутат Саидҷаъфар Усмонов ва боз чанд тани дигар гуфт, ки чун парвандаи онҳо мӯҳри махфӣ дорад, ба саволҳои вобаста ба ин парванда ҷавоб дода наметавонад.
А. Аҳмадзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ