Заҳролудшавии 36-нафар аз калапоча
Дар ноҳияи Касансойи вилояти Намангони Ӯзбекистон даҳҳо сокин заҳролуд шуданд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.
5 феврал аз соати 6 субҳ то 12 рӯз 36 сокин бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо — дарунравӣ, дарди сар ва қамқувватӣ ба бемористон муроҷиат карданд.
Ин сокинон бистарӣ шуданд ва дар айни ҳол вазъашон хуб арзёбӣ мешавад.
Ҳамаи заҳролудшудаҳо баъд аз тановули калапоча — ғизое, ки аз сар ва дастони гӯсфанд омода мешавад — худро бад ҳис кардаанд. Сокинон ғизоро 4 феврал аз шахси ношиносе дар бозори марказӣ харидаанд.
Мақомоти тандурустӣ, корҳои дохилӣ ва андози Ӯзбекистон ба таҳқиқи ҳодиса пардохтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ