Забони давлатӣ ва масоили татбиқи ҳукумати электронӣ. Ҳамоиш дар Данғара

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба ифтихори Рӯзи забони тоҷикӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Забони давлатӣ ва масоили татбиқи ҳукумати электронӣ” баргузор гардид.

Зимни сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён  иброз дошт, ки арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дошта, вазифаи ҷонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Дар  идомаи конфронс олимону профессорон, аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қутбиддин Мухторӣ дар мавзӯи «Зарурат ва аҳамияти қонуни нави забони давлатӣ»,  сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» номзади илмҳои филологӣ Саида Набизода дар мавзӯи «Меъёри забони адабӣ ва мушкилоти истилоҳ», дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илмҳои филологӣ Сомон Қурбонмамадов дар мавзӯи «Рушди забони давлатӣ-омили ҳастии миллат», декани факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои филологӣ Қурбон Самардинов дар мавзӯи «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» ва саромӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Эмом Абдуев дар мавзӯи «Пешвои миллат ва забони миллӣ ҳамчун унсури мубрамият ва нишондиҳандаи аслии фарҳангу тамаддун» бо мақолаҳои илмӣ баромад намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *