Забони тоҷикӣ кай ба маснад менишинад?

Дар хиёбонҳои шаҳр қадам мезанаму ба овезаҳо нигоҳ мекунам: Прокуратура, Суд… ва ба худ меандешам, ки кай забони тоҷикӣ ба маснад менишинад ва ин ниҳодҳо номҳои тоҷикии додситониву додрасиро мегирифта бошанд?

Номи мағозаву бозор ва нуқтаҳои тиҷоративу марказҳои дилхушӣ бошад, ҳоҷати гап нест. То кай шаҳрдорро раиси шаҳр мегӯему Сарқонунро Конститутсия, чаро Фарҳангистони улум намегӯему Академияи илмҳо мегӯем?

Кумитаи забон, Вазорати фарҳанг ва шуъбаҳои маънавиёти кишвар ба куҷо менигаранд? Кай забони тоҷикӣ ба маснад менишинад?

С. АСАДУЛЛО, шаҳри Бохтар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *