Забони тоҷикӣ оламгир буд…
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Аскар Ҳаким
Забон муҳимтарин ва тавонотарин воситаи муошират ба шумор меравад. Забони форсии дарӣ дар аҳди Сомониён ташаккул ёфтааст, ки онро аҳли илму адаб давраи тиллоӣ номидаанд. Дар ин давра шоҳасарҳои зиёди илмиву адабӣ ва таърихӣ иншо гардидаанд, ки то имрӯз боқист. Онҳо сарчашмаи гаронбаҳои омӯзиши таърихи забони адабӣ ба шумор мераванд. Забони адабии тоҷик дар сарзамини тоҷикон Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул меёбад ва дар асрҳои минбаъда ба дигар мамлакатҳо паҳн мегардад, ки Ҳиндустон ва Озарбойҷон аз ҷумлаи ҳамин гуна кишварҳо ба шумор мераванд.
Азбаски илму адаби форсӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард ва ба забони тоҷикӣ, ки онро форсӣ — дарӣ низ гуфтаанд, асарҳои оламшумул иншо шуда,мақбули оламиён гардид. Ба ин забон асар навиштан ва дар майдони илму адаби форсӣ ҷавлон задан,ҳунарнамоӣ кардан орзуи қаламкашони машҳур ва соҳибзавқ ва нишонаи олии забардастӣ гардид. Дар солҳои аввали ҳукумати шӯроӣ, вақте ки забону миллат дар марзи сиёсӣ қарор дошт, муносибат ба ин ҳар ду мафҳум хеле зиддиятнок буд. Гурӯҳе тарафдори он буданд, ки забон тамоюли форсии Эронро гирад, гурӯҳи дигар аз унсур, қолабҳои классикӣ тамоман даст кашида, қолаби адабии забони навро пешниҳод мекарданд.Таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик тавассути забон ва таърихи он омӯхта мешавад. Нақши забон дар таърихи дурударози халқҳои ориёӣ басо бузург буда,муҳаққиқони бисёр кишварҳо паҳлуҳои гуногуни ин забони шеворо мавриди омӯзиши илмӣ қарор додаанд, ба ин васила хусусиятҳои дастурӣ, овозӣ ва риштаҳои таърихии онро ба қалам кашидаанд.
Чун огоҳ ҳастем, забони тоҷикӣ яке аз куҳантарин забони дунёст. Он ба шохаи эронӣ гурӯҳи ҳиндӣ — эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ тааллуқ дорад.Оилаи мазкур аз се гурӯҳ: ҳиндӣ — эронӣ,славянӣ ва романӣ — германӣ иборат аст.Ба шохаи славянӣ забонҳои русӣ, беларусӣ, украинӣ, чехӣ, словакӣ ва дигар халқиятҳои славянӣ дохил мешаванд. Ба романӣ германӣ забонҳои итолиёвӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ, фенӣ, шведӣ, ва қисмати зиёди забонҳои аврупоӣ шомил мешаванд.
Ба ҳиндӣ — эронӣ, забонҳои ҳиндӣ урду, тоҷикӣ форсӣ дарӣ, паштунӣ, курдӣ, осетинӣ ба монанди инҳо мансубанд.
Ягонагии оилавӣ, яъне ба як оилаи ҳиндуаврупоӣ тааллуқ доштани забонҳои боло, аз ҷумла забони тоҷикиро вуҷуди вожаҳои муйян ва исбот мекунанд,ки то ҳол ин номаҳо чӣ шаклан ва чӣ аз ҷиҳати маъно дар чанде ин забонҳо истифодаи муштарак,яъне бакорагии якгуна доранд.
Намунаҳо аз чанд вожа:
Момо(тоҷикӣ), мама(русӣ) модар(тоҷикӣ) маму(ҳинду) мать(русӣ), падар(тоҷикӣ) падра (испанӣ) бародар(тоҷикӣ) брат(русӣ) нав(тоҷикӣ) нев(англисӣ) дар(тоҷикӣ) двер(русӣ).
Дилрабо Раҳмонова, омӯзгори ДДФСТ ба номи М.Турсунзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ