Забоншинос – Мукаррама Қосимова даргузашт

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе забоншиноси маъруф, профессор ва узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мукаррама Қосимова аз олам даргузашт. Номбурда 87 сол дошт ва солҳои охир мариз буд.

Даргузашти Мукррама Қосимоваро аҳли илми кишвар талафоти калон барои миллати тоҷик арзёбӣ мекунанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки дар солҳои 70-80 ба донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хати ниёгон меомӯзонид ва ин боиси бедории фикрии ҷавонони даврони бозсозӣ гардид. Китоби “Матни классикӣ”-и ӯ маъруфтарин дастури омӯзиши хати арабиасоси форсист.

Қосимова Мукаррама Набиевна; 16 январи 1933 дар шаҳри Конибодом дар оилаи журналист ва адиб Набӣ Фахрӣ, ки дар гирдоби репресияи стлаинӣ қурбон шуд таваллуд шудааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дар аспирантура (солҳои 1955—1959) таҳсил кардааст. Аз соли 1956дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муаллима, муаллимаи калон, дотсент, профессор, мудири кафедра, декани факултет фаъолият намудааст. Номбурда аз соли 1982 аввал ба ҳайси котиби илмӣ, сипас раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди ДМТ то соли 2012 ва узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Академияи илмҳои ҶТ дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи филология нақши амиқе дорад.

Бо ибтикори Мукаррама Қосимова дар ДМТ Маркази омӯзиши забонҳо (МОЗ) ташкил шуд, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд ва аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба уҳда дошт.

“Матни классикӣ” (Душанбе, 1969; 1976; 1989; 2000; 2010), “Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он” (2002), “Забон ва муъҷизаи он” (2004), “Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд” (2005), “Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ” (2007), “Чор унсур: Маъниофаринӣ, калимасозӣ” (2007), “Таърихи забони адабии тоҷик” (2012) беҳтарин китобҳои Мукаррама Қосимова ҳастанд. Дар умум ӯ муаллифи зиёда аз 50 китоб ва 500 мақола аст.

Дар зер мусоҳибаи журналист Одил Нозирро бо Мукаррама Қосимова пешкаши шумо мекунем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *