Задухӯрд дар марз: 9 нафар захмӣ (видео)
Имрӯз, 18 декабр тахминан соати 9.30 вақти маҳаллӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон моҷаро рух дода ва сокин ба сӯи ҳамдигар сангандозӣ кардаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, дар ин ҳодиса як аскари неруҳои дохилаи ВКД Қирғизистон аз силоҳи оташфишон ҷароҳат бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудааст.
“Ҳамчунин, тибқи иттилои муқаддамотӣвакили маҷлиси шӯрои деҳаи Самарқандик, 3 сарбози неруҳои дохилӣ ва як шаҳрванди оддӣ захмӣ шуда ва ба онҳо кумаки аввалияи тиббӣ расонда шудааст”-хабар додааст ин манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Умед Азимов, сокини деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара бар асари задхӯрд миёни қирғзҳо ва тоҷикон дар минтақаи марзӣ панҷ сокини деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ аз тарафи сокинони деҳаи Кӯк-Тоши ноҳияи Бодкенти Қирғизистон латукӯб карда шуданд.
Айни замон табибони беморхонаи Чоркӯҳ шахсияти ҷабрдидагонро маълум кард инҳо: Содиқбой Имомов, имоми деҳа, Умедҷон Сафаров, хонандаи синфи 8 ва Аҳрорхон Асадзодаи 29-сола, ки аз сараш сахт ҷароҳат бардоштааст ба ҳисоб мераванд.
Навори ҳодисаро дар саҳифаи «Фейсбук»-и Умед Азимов тамошо кунед:
Феълан дар деҳаи Кӯк-Тоши ноҳияи Боткент музокироти ҳайатҳои ҳукуматҳои ноҳияя ва вилоятҳои Тоҷикистону Қирғизистон оғоз шудааст.
Тибқи хабари маркази матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, Абдикарим Олимбоев, муовини аввали раиси Хадамоти давлатии марзбонӣ ва Суйунбек Омурзаков, муовини аввали вазири корҳои дохилии Қирғизистон ба хотири оромсозии вазъият ба минтақаи марзӣ омадаанд.
Се рӯзе қабл дар ҳамин минтақаи марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон миёни сокинони манотиқи марзӣ моҷаро рух дода буд.
Далели ин ҳодиса сохтмони девор аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар атрофи фурӯшгоҳе дар минтақаи баҳснок дар наздики деҳаи Кӯк -Тоши вилояти Боткент будааст.Ҳудуди 30-40 нафар шаҳрвандони қирғиз дар ин маҳал гирдиҳам омада хостори мутаваққиф шудани корҳои сохтмонӣ шудаанд.
Дар зарфи 7 рӯзи ахир ин дуюмин моҷаро миёни сокинони манотиқи марзии ин ду кишвар маҳсуб мешавад.
Рӯзи 11 декабр ба ҳангоми гузарондани корҳои кишоварзӣ дар минтақаи миёни Лангари Моҳиёни ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон ва Мин-Булоқи ноҳияи Боткенти Қирғизистон мухолифате рух дода, аммо марзбонони ин ду кишвар тавонистанд онро зуд ҳал кунанд.
Имтидоди марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил дода ва то ҳол танҳо 504 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.
Вуҷуди манотиқи баҳснок дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боиси сар задани мухолифатҳо ва ҳатто задухӯрд миёни сокинони манотиқи марзӣ мешавад.
Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ бар асари задухӯрди сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки марзбонони ин ду кишвар низ ширкат доштанд, 3 марзбони тоҷик ва 1 сарҳадбони қирғиз кушта шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ