Задухурд дар сарҳади давлатӣ

Тавре,ки сардори Маркази матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба “Тоҷикистон таймс” хабар дод, дирӯз соати 17:00 дақиқа дар асоси маълумотҳои оперативӣ наряди сарҳадӣ бо гурӯҳи фаврии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон амалиёт мегузаронанд, ки кушиши убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ карданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд. Ба амри сарҳадбонони тоҷик, қочоқчиён итоат накарданд, ки байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.

Сарҳадбонони тоҷик аз худ чусту чолоки ва муқовимати шадид нишон доданд, ки дар натиҷаи он ду нафар аз қочоқчиён безарар гардонида шуда, боқимонда аз торикии шаб истифода бурда ба тарафи Афғонистон фирор намуданд.

Дар натиҷа, азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади қочоқбар, 21 кг  маводи мухаддири навъи “Ҳашиш”, 2 адад яроқи оташфишони АКМ бо 10 адад тирдону 235 дона тири 7,62 ва 2 адад норинҷак бозёфт ва мусодира карда шуд.

Айни ҳолнисбатиҳодисаимазкуртафтишотидомадорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *