Задухурд дар Шурообод
Тибқи маълумоти мавҷуда санаи 2 декабри соли 2017 соати 19:00 дар мавзеъи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дувоздаҳ (12) нафар қочоқбарони мусаллаҳ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии Неъмат, Саттор ва Туғалӣ (сокинони вилояти Тахор) сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд. Дар қисмати ин ҷониб, назди сарҳади давлатӣ миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Пас аз ҳодисаи мазкур ҷинояткорон ба самти Афғонистон фирор карданд.
Дар натиҷа сардори қисми сарҳадбонии мавзеъи мазкур захмӣ гардида дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Ҳамчунин чор (4) нафар сарҳадбони қисми мазкур, аз ҷумлаи афсарони он, ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Бинобар ҳодисаи рухдода, Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти расмиро ба ҷониби Афғонистон супорид ва бо исрор талаб кард, то мақомоти вобастаи ҷониби афғонистонӣ ҳодисаи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор диҳанд ва ҷиҳати дастгир намудани ҷинояткорони ҳодисаи мазкур иқдом намоянд.
Ҳамзамон, ҷониби тоҷикистонӣ изҳори умед кард, ки ҷониби афғонистонӣ иқдомоти ҷиддиро пеша намояд, то қисмати сарҳади давлатии ҷониби худро мавриди назорати шомил қарор дода, минбаъд такрор ёфтани ҳаводиси ба ин монандро пешгирӣ намояд.
Қаблан маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ бо нашри як изҳороти вижа аз як задухӯрди мусаллаҳонаи пурқурбонӣ дар марз бо Афғонистон хабар дод. Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта мешавад:
«2 декабри соли 2017, соати 19:10 дақиқа, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шӯрообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ гардид.
Марзшиканони мусаллаҳ дар ҷавоб ба огоҳии сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми силоҳи доштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷа, Сардори отряд полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович дар рафти амалиёт қаҳрамонона ҳалок гардид. Чор нафар сарҳадбонон захмдор шуданд. Бо оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се нафар қочоқбари афғон безарар гардонида шуданд. Ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд. Дар ҷои ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид. Аз тарафи қувваҳои иловагии кумакрасон, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба қочоқчиёнибоқимонда идома доранд.
Хотираи афсари шуҷоъ – Сардори отряди сарҳадии «Шурообод» Аҳтамов Хайриддин Талбакович дар қалбу ёдҳои мо якумра боқӣ хоҳад монд.
Сарҳадчиёни ҳангоми боздошти қочоқчиён маҷрӯҳшуда бистарӣ гардида, хизматрасонии зарурии тиббии онҳо таъмин карда шудааст. Вазъи саломатии онҳо миёнаи муътадил мебошад.”
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки қариб 1400 километр тӯл дорад, як манбаи асосии нигарониҳои амниятии Душанбе боқӣ мемонад. Танҳо дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин марз 26 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 13 қочоқбар кушта, як нафар захмӣ ва 19 тани дигар дастгир шудаанд. Дар ин муддат дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз қочоқбарон беш аз 1,3 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.
Вале дар соли ҷорӣ ин бори аввал аст, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон марзбонони тоҷик чунин талафот медиҳанд.
Бо қочоқчиёни маводи мухаддир26маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона ба қайд гирифта шуда,13 нафар қочоқчиёни маводи нашъовар безарар гардонида шуда,1нафар захмӣ ва19 нафар дастгир шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ