Зафар Пиров 7- сол зиндон шуд?
Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи ноҳияи Восеъ барои сокини 24-солаи ин ноҳия Зафар Пиров барои ба худкушӣ расондани арӯси 18-солааш Раҷаббии Хуршед 7 сол ҳукми зиндон талаб кардааст. Раҷаббӣ моҳи июн, дар рӯзи 37-уми тӯяш ба таънаи нодухтарӣ тоб наоварда, худкушӣ кард.
Муҳокимаи парвандаи пурсарусадои худкушиии арӯси 18-сола Раҷаббии Хуршед дар додгоҳи ноҳияи Восеъ ба поёни худ наздик мешавад. Рӯзи ҷумъа дар додгоҳ айбдоркунандаи давлатӣ суханронӣ карда, аз номи тафтишот барои Зафар Пиров – шавҳари Раҷаббии Хуршед 7 сол ҳукми зиндон талаб кардааст. Зафар Пиров дар расондани ҳамсараш ба ҳолати худкушӣ айбдор мешавад.
Қазияи талхи Раҷаббии Хуршед моҳи июн замоне вирди забонҳо шуд, ки бародари ӯ сабти сӯҳбати пешазмаргии Раҷаббиро дар матбуот нашр кард. Дар ин навор Раҷаббӣ, ки аз шиддати дард ба зӯр гап мезад, шавҳарашро айбдор кард, ки пайваста ба вай таънаи нодухтарӣ ва доштани бемории пӯст мезад ва ӯ ба ҷонаш расида, сирко (уксус) хӯрд.
Зафар Пиров ва Раҷаббии Хуршед дар миёнаи моҳи май издивоҷ карданд. Зафар Пиров аз рӯзи аввал ҳамсарашро айбдор кард, ки нодухтар ба хонаи ӯ арӯс шуда омадааст. Ташхиси тиббӣ дар бемористони Восеъ ва сипас дар Душанбе, ки бо исрори шавҳараш анҷом доданд, даъвои нодухтар будани Раҷаббиро рад кард.
Вале Зафар Пировро ҳатто натиҷаи ташхис, ки даъвои ӯро ботил хонд, қаноаташ дода натавонист ва ӯ ба ин часпид, ки Раҷаббӣ бемории пӯст доштааст ва инро пеш аз тӯй аз вай пинҳон доштаанд. Зафар Пиров, ба гуфтаи худаш, ҳамсарашро маҷбур кардааст, ки забонхат бинависад ва нодухтар будани худро ба гардан гирифта, ба шавҳараш иҷозат бидиҳад, то аз болои ӯ боз як зани дигар бигирад.
Зафар Пиров дар як мусоҳиба бо нашрияи «Пайк” қабл аз боздошт шуданаш гуфт, бо вуҷуди нодухтарӣ ва ҳатто бо вуҷуди бемории пӯсташ, ки пеш аз тӯй аз вай пинҳон доштаанд, мехост ба зиндагиаш ба Раҷаббӣ идома идома диҳад, вале дар пайи як ҷанҷоли навбатӣ байни онҳо Раҷаббӣ худкушӣ кард.
Аммо бисёриҳо ба ин худсафедкуниҳои Зафар Пиров бовар накарданд. Дар баҳсҳои интернетӣ бисёриҳо гуфтанд, ки домод арӯси ҷавонро бо шубҳаҳои беасосаш хеле ба ҷон овардааст, ки Раҷаббӣ маргро аз зиндагӣ авло донист.
Дар Тоҷикистон ҳар сол беш аз 400 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Аксари онҳое ки қасди ҷони худ мекунанд, занону духтаронанд. Моҷароҳои хонаводагӣ ва мушкилоти рӯзгор як сабаби умдаи худкушиҳои занону духтарони тоҷик ном бурда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ