Зафар Пиров: Раҷаббӣ худотарс буд, аммо…

Пас аз оне, ки дар ҳафтаномаи «Оила» дар бораи марги пурасрори Раҷаббӣ, арӯсаки 37- рӯза аз ноҳияи Восеъ аз забони модару падари марҳум маводе ба нашр расид, хушдоман ва шавҳари Раҷаббӣ- Хуршед, Бибигул ва Зафар Пировҳо ба идора занг заданд ва хоҳиш намуданд, ки назари онҳоро низ сари ин мавзӯъ нашр намоем.
Аз рӯйи қонуни матбуот тарафҳо ҳуқуқи гуфтани андешаҳояшонро доранд ва мо ба хотири поймол накардани ҳуқуқи эшон назарашонро пурсон шудем.

Бибигул Пирова, хушдомани Раҷаббӣ:

Писару келинам ширу қаймоқ буданд

Ман бо сад ҳазор орзую ормон барои писари дӯстдоштаи пулёбам арӯс интихоб кардам, то ки писари меҳнатиам хушбахт ва сербачаю серкача гардад. Аз куҷо медонистам, ки оқибати кор чунин мешавад. Хайр дар тақдиру насиби писарам чунин навишта шуда будааст… Писару келинам дар муддати кӯтоҳи зиндагияшон чун ширу қаймоқ буданд. Ман то ин рӯз барои гуларӯсаки ноумедгаштаам хун мегирям, аммо чӣ илоҷ. Шумо гуфтед, ки мо ҷойи хоб барои арӯсу домод напартофтем, лекин ин тавр набуд. Мо барои арӯсу домод ҷойхоби баланди сап-сафед партофта будем. Ман ва писаронам аз тӯй то ҳол қарздор ҳастем, болои ин арӯсаки ноком дар таги хок…

-Шумо ба ҷанозаи келинатон рафта будед?

-Рафта будам. Гандум ва як мошин тарбузу харбуз бурдам. Дар хонаи худам низ нон кардам.

Зафар Пиров, шавҳари Раҷаббӣ:

Худма аз мошин партофтум…

 -Шумо бо Раҷаббӣ аз рӯи ишқу муҳаббат хонадор шудед ё бо хости волидонатон?

-Ману Раҷаббӣ бо хости модарам, ки келинашонро бо ҳазорон умед хуш карда буданд, оиладор шудем.

Арӯсро шумо ба нодухтарӣ гунаҳкор кардаед. Айб дошта бошад, чаро ҳамон шаби якум бурда соқу саломат ба дасти падару модараш насупоридед, то ин ки кор ба ин дараҷа нарасад?

-Он шаб ҳама хешу табори арӯс аз нисфи тӯй паси ҳам тарки тӯйхона карданд. Пас аз анҷоми тӯй ману арӯс дар хона танҳо мондем, ман хостам хонадорӣ кунам, арӯс бошад, маро наздик шудан намегузошт. Пас аз оне, ки арӯс барои хонадори монеагӣ пеш овард ба ӯ бо қаҳр гуфтам, ки агар ягон гуноҳ дошта бошӣ, туро ҳамроҳи модарам дар дигар хона мехобонаму саҳар бурда ба дасти хонагиҳоят месупорам. Пас аз ин гуфтаҳо арӯс маро итоат кард. Хонадории мо ҳамагӣ 3 минут давом кард ва ман фаҳмидам ки арӯс нодухтар будааст.

-Он шаб шумо нӯшокии спиртӣ нӯшида будед ё на?

-Ман алҳамдулиллоҳ мусулмонам ва хуб медонам, ки домод бояд бо дили пок хонадорӣ кунад, то кӯдаки пок ба дунё ояд, барои ҳамин он шаб ман маст набудам.

-Пас аз оне, ки арӯс ба гуфти шумо нодухтар баромад, чаро ӯро ба хонаи волидонаш набурдед?

-Он шаб арӯс зораву гиряи бисёр карда қасам хӯрд, ки аз болоям зан гир, агар маро ба хонаамон барӣ, маро реза — реза мекунанд. Хонаҳоямон пур аз меҳмон буд, барои ҳамин он шаб дилам бар ҳоли арӯс сӯхту забонхати занамро ҳамроҳи сабти овозаш гирифтам. Ману арӯс то саҳар баҳс кардем. Фикр кардам, ки ҳозир 8 дар хона пур аз меҳмон аст, агар фаҳманд, ки арӯс нодухтар баромадааст, ай мӯи сараш кашида луч хонаашон мебаранд. Очам давлени дорад, ба хотири очам хостам ура сатрпуш кунам. Забонхат дод, ки аз сабаби нодухтар буданам, шавҳарам зан гирад. Ма хостум ура гуноҳша пушонам. Ба хотири охират гуноҳша бахшида, арӯсро баъди панҷ рӯз сатрпуш кардам. Овози арӯсак бисёр баланд буд. У уверини мегашт. Записи гуфтаҳои Раҷаббӣ  8 минуту 14 сикунд давом мекунад.

-Рӯзи ҳодиса шумо якҷо будед? Чаро Раҷаббӣ уксус хурд, дар ҳоле ки шумо мегӯед, хушбахт будед?

-Ҳамон бегоҳ ману Раҷаббӣ дар хона гап задем. Ма Қуръонаш додам, ки қасам хӯр, ки ҳамин корро қати ту кӣ кард. Ӯ ба Қуръон қасам нахӯрд. Гуфтам пӯш либосҳоятро, ба хонаатон мебарамат. Ӯ маро зора кард, ки Зафарҷон, маро ҳозир мебарӣ, хонагиҳо реза-реза мекунанд. Ман ӯро он рӯз назадам. Гуфтам, ки ҳаром ҳаром мемонад. Кадом вақте хафаш мекардам, боз бахшиш мепурсидам. Он рӯз ҳам ман ӯро ҳамин хел хостам боз ба хона даромада хурсанд кунам, ки аз хона бо шаст баромада об гуфту қарабоии холиро як сӯ партофт. Ман арӯсма бо мошини ҳамсоя ҳамроҳи очам духтур бурдем, то беморхона сараш дар бағалам буд. Дар беморхона ба ҳуш омад,  гуфтам, ки Раҷаббиҷон зиқ нашав, ҳамааш хуб мешавад. Шаб то саҳар дар беморона қатиш будем. Саҳар ман барои хун ба шаҳри Кӯлоб рафтам, дар роҳ занг заданд, ки арӯс тамом кард. Хулоса, ҳодисаи марги арӯсак бароям мисли ба охир расидани зиндагиям буд, охир ман зани худ, шарики ҳаёти худро аз даст додам. Худма аз мошин партофтам, ки ману Раҷаббиро якҷоя гӯр кунанд, лекин дар насибам марг набудааст..

-Дар ин ҳодиса киро гунаҳкор медонед?

Ман модару падар ва хешу табори арӯсро гунаҳкор медонам, ки пеши роҳи ин корро нагирифтанд, боз он экспертизае, ки маро нодуруст паказания доданд. Ман рӯзи мурофиаро интизор ҳастам, то ҳақиқати ин ҳодисаро одилона санҷида бинанд. Ман ба тақдиру насиби худ тан додаам…

Савринисо Неъматӣ Восеъ-Душанбе

Р/С

Шавҳари Раҷаббии ноком имрӯз худро мӯсичаи бегуноҳ тарошида, тамоми айбу гуноҳро ба сари арӯсак ва хешу табораш бор карданист. Вай мегӯяд ба хотири  худованд ва фардои қиёмат, яъне баҳри савоби охират гуноҳи арӯсашро бахшида, се рӯз пас ӯро сатрпӯш кардааст. Бародари азиз, вақте як марди мусалмон гуноҳи касеро ба хотири Худо ва бо андешаи рӯзи қиёмат мебахшад, дигар думболи он хатову гуноҳ намегардад ва ҳатто онро ба ёд ҳам намеорад. Аз рӯйи нақли худатон шумо ду маротиба ҳамсаратонро ба назди духтур ба ташхис бурдаед, то фаҳмед, ки Раҷаббӣ дар ҳақиқат духтар буд ё нодухтар ва ҳарду дафъа ҳам арӯс ҳақ баромада, табибон духтар будани ӯро тасдиқ намудаанд. Ҳайратовар аст, ки баъди тасдиқи табибон низ шумо аз андешаи ботили худ даст накашидаед. Шумо мегӯед дар дастатон  забонхати худи Раҷаббӣ ҳаст, ки дар он занатон “нодухтар” буданашро ба гардан гирифтааст, вале кӣ кафолат медиҳад, ки арӯсаки ғуррамарг ин забонхатро зери фишор аз тарси ҷон нанавиштааст?  Ба ҳамсаратон боварӣ надоштаед ва имрӯз баҳона мекунед, ки он шаб хонаҳоятон пур аз меҳмон буду шармандагиро нахоста, ин сирро пинҳон доштед. Чаро баъди рафтани меҳмонҳо 3-4 рӯз пас аз тӯй арӯсро ба хонаи падару модараш бурда, сиҳату саломат ба дасти волидонаш насупоридед? Ин саволҳои беҷавоб имрӯз ҷавоб мехоҳанд ва мо аминем, ки ҳомиёни ҳуқуқ албатта қилро аз хамир ҷудо хоҳанд кард.

(Сабти суҳбати шавҳар ва хушдомани Раҷаббии ноком дар идораи ҳафтанома маҳфуз аст ва мо метавонем ин сабтро дар рафти тафтиш пешниҳод намоем.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

11 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *