Захарченкоро Русия  кушт ё Украина?

Роҳбари хадамоти маълумоти оперативии ФСБ-и Русия Сергей Беседа рӯзи 3-юми сентябр гуфтааст, ки дар куштори роҳбари ба истилоҳ ҷумҳурии Донетск Александр Захарченко хадамоти махсуси Украина даст дорад.

Ба гуфти ӯ, муфаттишони Хадамоти федеролии амнияти Русия, ки барои кумак дар таҳқиқи куштори Захарченко ба Донетск рафта буданд, ба ин натиҷа расиданд. Хадамоти амнияти Украина инро рад мекунад. Ин ниҳод бо исрор мегӯяд, ки Захарченко ё дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ кушта шуд ё ӯро худи хадамоти Русия аз байн бурд. Раҳбари Хадамоти амнияти Украина Василий Гритсак гуфт, ки Украина ҳеҷ гурӯҳи террористиро ба Донетск нафиристода буд ва дар бораи одамоне, ки мақомоти Донетск ҳамчун гумонбари куштор боздошт кардаанд, чизе намедонад.Александр Захарченко рӯзи 31-уми август аз таркиш дар қаҳвахонаи «Сепар», воқеъ дар маркази Донетск, кушта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *