Захарова Британияро ба рускушӣ муттаҳам кард
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хадамоти махсуси Британияро ба куштори яке аз чеҳраҳои зиддунақизи таърихи Русия Григорий Распутин муттаҳам кард.
Захарова рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ гуфт, баъди мутолиаи китоби Ричард Каллен — ҷосуси пешини Скотланд-Ярд, ки гӯё бо истифода аз бойгонии афсарони истихбороти Британия таҳия шудааст, ба ин натиҷа расидан мумкин аст.Ба ғайри ин, ба гуфтаи намояндаи расмии ВКХ-и Русия, Лондон дар ҳалокати иператори рус Павели I ва арбоби сиёсии Конго — Патрис Лумумба даст дорад. Захарова ҳамаи ин кушторҳоро фармоиши давлатӣ унвон кард. Ӯ Британияро «рекрстмени наслкушӣ дар ҷаҳон» номид. Ба гуфти Захарова, британиягиҳо ҳангоми истеъмори Австралия 95 дарсади мардуми бумии онро нест карданд. Захарова гуфт, ин изҳоротро дар посух ба айбгузориҳои Британия пахш кард, ки Русияро ба даст доштан дар кушторҳои фармоишӣ дар хориҷ айбдор мекунад. Лондон мегӯяд, ки дар заҳролудшавии корманди пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, маҳз Русия даст дорад. Ҷосуси дугона Сергей Скрипал рӯзи 4 март ҳамроҳ бо духтараш Юлия дар шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуд. Лондон ангушти иттиҳомро ба сӯи Русия баланд кард. Кремл иттиҳомро рад мекунад.Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия дар Русия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ