Захми меъда. Чанд тавсия аз табиби мардумӣ

Вақтҳои охир аз захми меъда ранҷ мекашам. Пайваста парҳез мекунам. Вале агар ногаҳон ягон ғизои бадҳазм истеъмол кунам, бемориам аз нав хуруҷ мекунад. Аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев мехоҳам, ки усулҳои халқии табобати захми меъдаро бароям тавсия диҳанд.

ПАРВИЗ, ш. Душанбе

Посухи Садриддиншоҳ Насриддиншоев:

— Дар муолиҷаи захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта нақши аз ҳама муҳимро парҳез мебозад. Аз хӯрдани ғизоҳои сахт, бирёнӣ ва тезу тунд худдорӣ намуда, тавсияҳои моро иҷро кунед, албатта шифо меёбед. Инак, чанд даво барои дарди шумо!

Аввал, 50 грамм решаи гиёҳи ширинбӯяро дар 1 литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонида, сипас оташро хомӯш намоеду монед 6 соат истад. Пас аз 6 соат онро ба андозаи нимистаконӣ рӯзе 3 маротиба пеш аз хӯрок ё 1 соат пас аз истеъмоли таом нӯши ҷон намоед.

Дуюм, дар мавриди захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта осонтарин роҳи табобат он аст, ки ҳар саҳар пеш аз ношто як қошуқ асали тоза хӯрда, давоми 1 соат ягон чизи дигар нахӯранд. 40 рӯз ё ақаллан 1 моҳ ҳамин амалро ҳар субҳ иҷро кунед, пурра шифо меёбед.

Сеюм, рӯз дар миён 20 грамм барги тозаи газнаро дар ним литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонида, дар давоми 48 соат онро бинӯшед. Касоне, ки аз захми меъда азоб мекашанд, ҳамчунин бояд рӯзе 3 маротиба 1-қошуқӣ шираи барги зуф хӯранд. Шираи гиёҳи мушхор низ муфид аст. Ҳангоми хуруҷи дарди меъда 1 соат ё ним соат пеш аз хӯрок 1 қошуқ равғани ангат хӯред.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *