Захмиҳо ҳанӯз ҳам сиҳат нашудаанд

Шонздаҳ нафаре, ки дар натиҷаи низои навбатӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон захмӣ шуданд, ҳанӯз ҳам дар беморхонаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд хабар дод.

Ҷамъан 31 кас барои дарёфти ёрии тиббӣ ба беморхона муроҷиат карда буданд. Ба иттилои манбаъ, намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд ба аёдати захмиён рафта, ҳамчунин ба онҳо кумаки молӣ кардааст.

Рӯзҳои 22 ва 23 июли соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зад. Дар натиҷаи он 17 шаҳрванди Қирғизистон аз тири силоҳ ва сангпартоӣ захмӣ шуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон як нафар кушта ва панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 26 июл бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сафари кӯтоҳеро ба шаҳри Исфара анҷом дод. Раҳбарони ду кишвар дар чорроҳаи миёни Ворухи Исфара ва Оқсойи Қирғизистон бо калонсолон ва намояндагони шӯроҳои маҳаллии ду кишвар мулоқот карданд. Гуфтугӯҳо дар шаҳри Исфара ва Чолпон-Отаи Қирғизистон идома ёфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз 26 июли соли равон ба ин сӯ дар Қирғизистон қарор дошт. Ӯ пас аз дидору гуфтугӯ бо ҳамтои қирғизаш дар шаҳри Исфара ба Чолпон-Отаи Иссиқкӯл парвоз кард.

Мавзуи асосии гуфтугӯи серӯза таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон буд. Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки «раҳбарони ду кишвар ба тезонидани раванди таъйини марзҳо таъкид карданд». Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар иттилоияи худ бештар ба гуфтугӯҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тамаркуз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *