«Захми забонҳо»-и Ҷӯрабек ва Ҷонибек Муродовҳо (видео)

 Ҷурабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар саҳфаи шахсияш аз интишор шудани дуэти навашон бо писараш ҳунарманди маъруфи эстрада Ҷонибек хабар дод.

Суруди мазкур захми забон ном дошта, матнаш ба шоири шаҳир Сафармуҳаммад Аюбӣ тааллуқ дорад. Ба иқрори ин шоири шаҳир дар сабтҳои замони зинда буданаш аксари шеърҳои панду ахлоқии ӯ дар пайрави аз «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ эҷод шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки варианти аввалаи ин суруд дар шакли суннатӣ пештар дар алоҳидагӣ аз ҷониби устод суруда шуда буд, ҳамакнун бошад бо фарзандаш Ҷонибе он дар шакли омехта бо навои эстрада азнавхони шуд. Ба иқрори Ҷӯрабек Муродов «Ҳар таронаи
пешине, ки бо Ҷонибек дубора аз навхони мекунем, аз варианти аввалаш дида бештар ва зудтар маҳбуби хосу ом мегардад. Аз ин мебарояд, ки матни хуб ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ аст, хоҳ дар шакли эстрада бошад, хоҳ шашмақом».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *