Зайдуллоева: Мо боду ҳаворо идора мекунем…

АИХО-3 — ихтирои ҳайратовари олими тоҷик! … Вақте ин хабарро шунидам, ба гӯшхои худ бовар накардам. Зеро хабар хабари боварнакарданӣ буд. Магар ҳаворо идора карда мешавад? Ин кори Худост, ки дар як ҷо борон, дар ҷои дигар барф ва дар ҷои сеюм осмони мусаффо мешавад. Аммо чун манбаъ боэътимод буд, аз пайи таҳқиқ шудам.

Таҳқиқот маро ба Идораи обуҳавосанҷӣ овард. Дар даромадгоҳи ин даргоҳи пуровоза, ки ба гуфти ходимонаш, 70-75 фоизи гуфтаҳояшон дуруст мебарояду аммо сокинон даъво доранд, ки ҳамагӣ 20-25 фисади гуфтаи ҳавошиносон дуруст аст, маро посбон пешвоз гирифт. Аҷибаш он буд, ки ин посбон яроқнок буд. Бори аввал медидам, ки дарбони як идораи оддӣ яроқнок бошад.

Посбон пасу пеши ҳуҷҷати рӯзноманигории маро чаппагардон карда диду баъд пурсид:

— Ба назди кӣ?

— Зайдуллоева…,- кӯтоҳ ҷавоб додам.

Ӯ телефонро гирифта занг зад ва баъд ба ман нигариста, пурсид:

— Фамилияатон?

— Ҳозир аз шаҳодатнома хондед ку!

Дидам, ки асабӣ мешаваду мабодо бо баҳонаи ночизе даромадан намемонад, бесаводии ӯро ошкор накарда, насабамро такрор кардам. Бо ишораи сар иҷозати даромадан дод.

Зайдуллоева, ки солҳо инҷониб шиносем, маро дар дами дар пешвоз гирифту ангушташро ба лаб бурда, бо аломати «садо набарор!» ишора кард ва ба кабинети алоҳидае даровард. Онҷо тамоми деворҳои утоқ бо латтаи ғафси сабзранг «андова» шуда, дару тиреза низ мисли студияи радио, ки садоногузар аст, пардаи ғафсе дошт. Пас аз нишастан дар курсии рӯ ба рӯи сардор сабаби ҳамаи инро пурсидам.

— Медонӣ чӣ, вақте гуфтанд, ки ту бо ман суҳбат карданӣ ҳастӣ, дарҳол фаҳмидам, ки барои чӣ омадаӣ. Аллакай хабар бурданд-а… Ин утоқе, ки мебинӣ, декоратсия нест, балки чораи эҳтиётӣ аст, зеро тамоми разведкаи дунё ҳоло аз паси мо гаштааст, то ки гиппербалоиди ҳаводигаркуни моро ба даст орад ва ё ақаллан нақшаашро дузданд. Барои ҳамин, мо дар бораи ихтирои олими ҷавони ин соҳа (албатта худат мефаҳмӣ, ки ман номи ӯро бо сабабҳои маълум ошкор намекунам) дар чунин утоқҳои садоногузар ва ҳама ҷояш маҳкам суҳбат мекунем. Акнун иқрор шав, ки ту барои фаҳмидани ҳамин омадӣ?

Ноилоҷ ҳадафамро гуфтам ва пурсидам, ки оё ин овозаҳо дурустанд ва чунин асбобро ихтироъ кардаанд?

— Бале,- дилпурона гуфт Замира,- аммо тавре медонӣ, ин сирри давлатист. Вале ба ту дар бораи он баъзе чизҳоро мегӯям…

Сар то по ва ҳатто ҳуҷайраҳои алоҳидаи баданам гӯшу ҳуш шуданд…

— Асбоби ихтироънамудаи Вал…, қариб буд номашро ошкор кунаме… АИХО-3 ном дорад. Зеро дутои аввалаш аз санҷиш нагузаштанд. Яъне Асбоби идораи ҳаво ва об…

— Чаро обу ҳаво нею ҳавою об?

— Гапамро набур! Барои он, ки ҷосусони хориҷиро гумроҳ кунем. Давомашро гӯш кун. Ин асбоб дар натиҷаи омезиши гамма-нурҳо бо нурҳои ултрабунафш нуре ҳосил мекунад, ки агар онро ба фазо равона кунем ва протсенти муайяннамударо программироват кунем, ҳаворо дар масофаи то бист километр (алҳол ҳамин қадараш кифоя) ба кадом шакле хоҳем, ба ҳамон шакл тағйир медиҳем. (Баъд аз ин, Зайдуллоева як лексияи дурударозе дар мавзуи омезишу нурҳои гуногуни физикӣ хонд, ки рости гап, аз он чизе нафаҳмидам, вале бо аломати «фаҳмидам» ҳар замон сар меҷунбондам).

— Инак, як ҳафта шуд, ки АИХО-3-ро санҷида истодаем.

— Чӣ хел? Канӣ натиҷааш?

— Магар рӯзҳои офтобиро пас аз боронҳои думоҳа дар рӯзҳои Наврӯз очаи Байден дод? Ё мана, ҳоло чанд рӯз аст, ки дар Душанбе чемпионати великронҳои Осиё баргузор шуда истодааст, аз осмони пойтахт ба сари меҳмонон ягон чакра борон афтод? Ҳамаи ин ба шарофати ана ҳамин АИХО-3 аст!

— Ин ихтирои муҳимро чаро аз чашми ҷаҳониён пинҳон мекунед? Охир, бигзор тамоми инсоният аз он истифода барад…

— Ҳмм, инсонияти ту ҳоло ба балоғат нарасидааст ва ин асбоб ҳамчунин метавонад дар дасти он чун корди тез дар дасти кӯдаки дусола бошад, ки ноогоҳона дасташро мебурад.

— Чӣ тавр?

— Ана ҳамин тавр, ки масалан агар мо хоҳем, дар масофаи бист километр атрофи Душанбе чунон тумани ғафс мефарорем, ки ягон тайёра он тараф истад, одам пеши пойи худро намебинад. Агар асбоби моро дар вақти ҷанг муқобили ҳамдигар истифода баранд чӣ? Ту гумон мекунӣ, ки аз «Моссади»-и Исроил сар карда, то СРУ-ю ФСБ-ю «Интелличен сервис»-и Инглистон беҳуда атрофи идораи мо пилмида гаштаанд? Вале амнияти мо намегузорад, ки онҳо ба ҳадафи худ расанд…

— Дурусту…, фазои кишвари мо минбаъд комилан аз ҳуҷуми ногаҳонии ҳавоӣ дар амон аст? Лекин онҳо метавонанд ихтироъкорро харанд,- ноумедона гуфтам ман…

— Хестанд, ки хобанд! Магар Вал… (эҳ, ин забон лаҳми гӯшт, қариб боз номашро ошкор карда будаме…)-ро харидан мумкин аст? Ӯ як бачаест, ки тамоми дунёро ба як анори Фахробод иваз намекунад. Ман ба ин сад протсент боварӣ дорам. Гузашта аз ин, номи ихтироъкорро на дар Академияи илмҳо ва на дар идораи мо касе ба ҷуз ман намедонад. Маро бошад, худат медонӣ, ҳамеша забонам зери дандон… Дар мавриди амнияти фазои кишвар ҳаминро мегӯям, ки метавонӣ бемалол хобидан гирӣ, амнияти он дар дасти худи мост…

— Медонам Замирабону, аммо ин асбобро дидан мумкин аст?

Ӯ каме андеша карду баъд гуфт:

— Майлаш, фақат аз дур… Аксбардорӣ қатъиян манъ!

Замира маро дар ҷоям гузошта, ба кунҷи дигари ҳуҷра рафт ва оҳиста як гӯшаи пардаи сиёҳи дар он ҷо кашидашударо бардошт. Назарам ба асбоби баландиаш тақрибан 1,5-метра афтод, ки чарха дошт ва чарху дӯки бибикалонамро, ки дар бачагӣ дида будам, ба ёд меовард. Танҳо фарқаш дар ин буд, ки дар болои он мисли обективи камераи телевизион чизе шинонда шуда буд.

Замира зуд болои асбобро пӯшонду ба ман нигариста, гуфт:

— Аз 1-уми апрел сар карда, АИХО-3 ба навбатдорӣ дар фазои кишвар оғоз мекунад…

— Дар рӯзи якуми апрел чӣ гуна ҳаворо ба нақша гирифтаед?

— Албатта, офтоби дурахшон барои мардуми хандонро!

… Вақте аз назди Замира Зайдуллоева баромадам, чанд нафари шубҳанокеро дидам, ки шляпаҳои худро ба сарашон чуқур пӯшида, ба ҳар тараф нигоҳи шубҳанок мепартофтанд.

Дар дил гуфтам: «Худоё, Замираи моро ҳамроҳ бо Вал… ва АИХО-3-яш дар паноҳат нигоҳ дор!».

А. АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *