Зайнура бо ду кӯдак дар …қабристон зиндагӣ мекунад

Зайнура Абдуллоева, сокини деҳаи Қалъаи Мирзобой, ҷамоати “Ваҳдат” — и ноҳияи Деваштич 6 сол аст, ки бо ду духтарчаи ноболиғаш дар қабристон ва кӯчаҳову чойхонаҳо зиндагӣ мекунанд. Аммо ин занро хонаводаи шавҳар ва ҳатто худи волидонаш дар хона роҳ намедиҳанд.

Зайнура Абдуллоева, сокини  деҳаи Қалъаи Мирзобой, ҷамоати “Ваҳдат” — и ноҳияи Деваштич 6 сол аст, ки  бо ду духтарчаи ноболиғаш  дар қабристон ва  кӯчаҳову чойхонаҳо зиндагӣ мекунанд. Аммо ин занро хонаводаи шавҳар ва ҳатто худи волидонаш дар хона роҳ намедиҳанд.

Духтарчаи калонии Зайнура, ки мебоист имсол дар синфи чорум таҳсил кунад, то ҳол шаҳодатномаи таваллуд надорад, аммо ба қавле “касеро сари як мӯй”     парвои ӯву фарзандонаш нест. Зиндагии зиндадаргӯри Зайнура, ки ба дили сокинони деҳаҳои Қалъаи Дӯст ва Қаълаи Мирзобой раҳме наовардааст, моро водор кард, ки ба кулбаи ӯ рафта, сабаби дар кӯча монданашро пурсон шавем.

Аз келини хонагӣ то “бомж”-и кӯчагӣ

Зайнура Абдуллоева 12 сол пеш бо никоҳи мусулмонӣ ба Абдувоҳид Ӯрунов, сокини деҳаи Қалъаи Дӯст оиладор шудааст. Баъди 7 соли оиладорӣ шавҳараш-Абдувоҳид бо ҷурми  маводи мухаддир аз ҷониби мақомоти милитсияи ноҳияи Деваштич  дастгир шуда, ба муддати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Барои зиндонӣ шудани шавҳараш хонаводаи Ӯрунов Зайнураро муттаҳам мекунанд ва дигар дар он хона зистанашро намехоҳанд. Зайнура бар замми камбизоатии  волидон ва дорои ягон маълумот ё ҳунар набудан дар хонаи хусуру хушдоман дигар нағунҷида, ба хонаи падар меравад. Аммо дар хонаи фақиронаи падар, ки 11 нафар зиндагӣ мекунанд ва ягон манбаи даромад надоранд, Зайнура “ангушти шашум” мешавад ва маҷбур зиндагии кӯчагиро пеш мегирад.

Ҳар гоҳ Зайнура ба хонаи хушдоман ояд ва талаби дар он ҷо бо ду кӯдакаш зистанро кунад, хушдоман ва додаршӯйҳояш ӯро зада пеш мекунанд. Барои шабашро рӯз кардан  на иҷозаи хонадароӣ медиҳанду на хотири аз гуруснагӣ нафавтидани ду духтарчаи ноболиғашро мекунанд.  Баъди сафар ба деҳаи Қалъаи Дӯст ба хонаводаи шавҳари Зайнура рафтем, то сабаби келини хонагиро ба “бомж” табдил додани онҳоро фаҳмем.

Хосият Урунова, хушдомани Зайнура аз ҳама бештар  ба зиндагии келинаш дар хона зид аст. Зоҳиран ҳавлию хонаҳо обод ва зиндагии миёнаҳолона доранд, аммо вақте сабаби келинронии пурмоҷарои холаи Хосиятро пурсон шудем, гуфт, ки “Аз пушти ҳамин келин писари ман ба зиндон афтод”.

“Писарам нашъаро ёфта меоварду занаш мекашид. Аммо бо ҷурми он нашъаманд писари бегуноҳи ман 8,5 сол маҳбасӣ шуд. Ҳоло 2,5 соли дигари умри ҷавонашро бояд дар  пушти панҷара паси сар кунад. Баъди маҳбасӣ шудани писарам паёпай бо иштироки кормандони нозири минтақавӣ, раиси маҳалла ва дигарҳо бору колои келинро ҷамъ карда додам ва худашро барои ба сари оилаамон балои бештарро наоварданаш ҳамроҳ гусел кардам”-гуфт хушдоман.

Ба гуфтаи ӯ, баъди аз озодӣ маҳрум шудани писараш Зайнура  ба ҷои ду духтарашро тарбия кардан, ҳар шаб соати 12-1 баромада мерафт ва саҳарӣ пайдо шуда меомад. Агар дар куҷо ва бо киҳо чиҳо карданашро агар пурсӣ, шӯру қиёмат мебардошт. Хулоса, баъди омадан то соати 2-3-и рӯз каллапеч мехобиду боз мисли девонаҳо баромада мерафт.

“Келинҳо баъди ҷудо шудан, ба хонаи падар мераванд, чаро Зайнура ба ҷои хонаи волидон нарафта кӯчагардию оворагардиро интихоб кард? Магар духтар баъди бевагӣ дар хона падар намеғунҷад? Ҳазорҳо ҳазор занҳои бева магар дар хонаи падар не, дар куҷо мегарданд? Ӯро намегузорам, ки остонаи хонаи маро зер кунад”-афзуд хушдомани Зайнура.

            Духтарам дар қабристону дар кӯча мезист, аммо…

Гулсун Суннатова, модари Зайнура, ба қавли худаш шаш сол боз на рӯз дораду на рӯшноӣ. Сабаби духтарашро ба оилаи Ӯруновҳо додан ва ба хонаи худ роҳ надоданашро чунин нақл кард: 

-Аслан духтарамро бе қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) ба шавҳар доданӣ набудам. Аммо Музаффар ном хоҳаршӯи духтарам омада, илтимосу зора кард, ки Зайнураро ба додарам Абдувоҳид ба занӣ диҳед. Модарам бемор аст ва беармон мурад.  Баъди 7 соли оиладорияш домодам ба маҳбас афтод. Баъди ин ҳодиса духтарамро бо ду кӯдакаш ронданд.

Ба ғайр аз ин, ду-се кӯрпаҳои куҳна ягон бору рӯзгорашро надоданд. Ҳатто сандуқ ва дигар чизҳои арзишнокаш то ҳол дар хонаи шавҳар аст.  Албатта, барои модар  дар кӯча мондани духтар дарди сахт аст. Ҳам аз бахташ монаду ҳам аз тахташ. Вале соли шашум аст, ки ба арзи шахсони  камбағал касе намерасад. Наход барои ду ноболиғаш 2 сотиқ замин додан ба ноҳия имконнопазир бошад? Чаро одамони пулдор сотиқ не, балки  гектар-гектар замин мегиранду ба духтари дар кӯчамондаи ман ду сотиқ замин намедиҳанд?

Чандин маротиба ба мақомот рафт, аммо бенатиҷа. Ман худам дар ҳамин синну сол ( 60-сола) мардикорӣ карда, рӯз мегузаронам. Як духтари беваам бо як писарчааш  дар хона, як писарам дасти маъюб дорад. Писари дигарам, ки ноновари хона аст, 6 фарзанд дорад ва онҳоро боазоб мехӯронаду мепӯшонад. Ман ҳатто духтарамро ғунҷонида наметавонам, боз набераҳоро аз кадом ҳисоб нигоҳубин мекунам? Зайнураро гуфтам, ки лоақал духтаронатро ба хонаи шавҳар мон ва худат омада зиндагӣ намо. Аммо дилаш намешавад, ки ду ҷигарбандашро партофта равад.

          Парвина 11 – сола то ҳол шаҳодатномаи таваллуд надорад

Духтарчаи калонии Зайнура — Парвина 11 — сола аст, аммо то ҳол ба мактаб намеравад. Ҳатто шаҳодатномаи таваллуд надорад.  Духтарчаи хурдиаш Гулзираи 5 — сола бошад, аз рӯзи ба дунё омадан, танҳо қабристону сарсониҳо модару хоҳарбузургашро дид.

Дар ҳуҷраи Зайнура, ки дар чойхона ҷойгир аст, як гилемчаву кӯрпачаҳои куҳна, як плитаи чойҷӯшонӣ ҳасту халос, ки Сайидмухтор ном марди хайрхоҳ додааст.

Вақти суҳбат бо Парвина чӣ орзу доштанашро пурсидем. Вале ин духтараки ноком ҳатто мафҳуми “орзу”-ро дарк намекардааст. Танҳо гуфт:- Бисёр дугонаҳо дорам, аммо модаронашон намемонанд, ки бо ман бозӣ кунанд. Мегӯянд, ки бо ин сағераҳои қадди кӯча бозӣ накунед, бо ин чиркину ифлосҳо нагардед. Ман ҳам мехоҳам мисли дугонаҳоям тоза бошаму озода пӯшам. Ман падарамро ёд мекунам, аммо он кас дар маҳбас бошанд ҳам ҳар моҳ як бор иҷозаи ба деҳа омаданро доранд. Вале ҳар гоҳ ки оянд  ба пеши дари кулбаи  мо гузашта мераванду моро дидан намехоҳанд. Аз мо борин фарзандони дар кӯчамонда доштанашон шарм дошта  ҳатто фарёд кунем нигоҳ намекунанд…

Фарзона МУРОДӢ

Хуҷанд-Деваштич (Ваҳдат)-Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *