Закия: Ҳар кас дунёро ба андозаи ақлу хиради худ мебинад
Закия аз ҷумлаи сарояндагони ҷавону соҳибистеъдод ва хеле самимиву заминии мост, ки бо таронаҳои дилнишинаш кайҳо ба дилҳо роҳ ёфтаву маҳбуб гаштааст. Пешаи сарояндагиро на аз рӯи ҳавас, балки бо итминони комил ва шавқи зиёди кӯдакиву наврасӣ интихоб кардааст. Ӯ корашро дӯст медорад ва мардум ӯро дӯст доштаанд.
Мо бо ин сарояндаи хушсадо доир ба кору зиндагиашон суҳбат кардем, ки фишурдааш манзури хонандагони “Оила” мегардад.
— Мехоҳам сараввал доир ба суруди наватон, ки чанд рӯз пеш бо номи “Шилшила” дастраси мухлисонатон гардид, ба хонандагони ҳафтанома бигӯед.
— Ташаккур. Оҳанги суруди “Шилшила”-ро аз оҳангсозони Самарқанд интихоб кардем. Матни суруд бошад, ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дорад. “Шилшила” бо сабки сурудҳои муосири Самарқанду Бухоро сароида шудааст.
— Эҷоди як суруд, ки кори осон нест, ба шумо чӣ медиҳаду аз шумо чӣ мегирад?
— Тавлиди суруд эҷодиёти ҳунармандро боз ҳам мукаммал месозад. Агар мавзӯи нав бошад, барои сароянда саривақтӣ хоҳад буд. Дар мавриди чизе гирифтанаш бошад, бояд бигӯям, ки албатта, заҳмату меҳнати хеле зиёд мебояд, то ки як суруд тавлид гардад.
— Суруд, махсусан сурудҳои шумо танҳо барои фароғат ва хушҳолӣ ҳастанд ё метавонанд ба афкор таъсир расонанд?
— Дуруст аст, ки рисолати аввалиндараҷаи суруд ин ором кардани рӯҳия ва фароғат бахшидан аст. Бештари сурудҳои ман хусусияти фароғатбахшӣ доранд, аммо сурудҳои ором ҳам дорам, ки метавон дар лаҳзаҳои гуногун гӯш кард ва худро қадре ҳам ором намуд.
— Тавре мебинему шоҳид мешавем, шумо хеле кам бо рӯзноманигорон суҳбат мекунед. Оё шуморо хафа кардаанд ё мусоҳиба доданро намеписандед?
— Бале, суҳбатҳои ман бо рӯзноманигорон хеле кам сурат гирифтаанд. Аслан, касе маро аз рӯзноманигорон хафа накардааст, баръакс бо ҳамаи онҳо муомилаи хуб дорам. Аммо фикр мекунам, акнун фурсати мусоҳибаву суҳбатҳо фаро расид. Ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам хубтару бештар мегарданд.
— Вақте ки эҷодкоронро доир ба роҳи интихобкардаашон мепурсем, аксаран мегӯянд, ки шавқи кӯдакиву наврасӣ буд, ки ба эҷоду санъат рӯй оварданд. Шумо чӣ гуна ин пешаро интихоб кардед?
— Ман ҳам айнан чунинам. Сарояндагӣ орзуи калони кӯдакиам аст. Ростӣ, аз айёми хурдсолӣ ҳамеша сурудҳои гуногунро зам-зама мекардам. Ҳатто дар ёдам ҳаст, ки замони 4-5-сола буданам дар муҳити хона суруд мехондам.
— Бешубҳа ин пайраҳаи мушкил аст. Бигӯед, ки ин роҳи душворро чӣ гуна то ин ҷо тай кардед ва давоми роҳ чӣ гуна хоҳад буд?
— Фикр мекунам, ягон кор бе душворӣ намешавад. Роҳи ҳунар дар ҳақиқат душвортар аст. Агар маслиҳатчии хуб канори хунарманд бошаду дар ин пайраҳа ба ӯ ёрӣ расонад, албатта, тай кардани ин роҳ хеле сабуку осон мегардад. Аммо дар ҳолати баръакс, даҳчанд ин роҳ душвор аст. Давоми роҳ хуб мешавад, бо сурудҳои нав хотири мухлисонамро шод мегардонам.
— Шумо сарояндае ҳастед, аллакай маҳбуби ҳазорҳо нафар гардидаед. Ба андешаи шумо барои ҳунарманд шудан диплом муҳим аст?
— Ман маълумоти расмии мусикӣ надорам. Лекин дар кадом нота сароиданро дарк мекунам. Фикр мекунам, ки барои сароянда пеш аз ҳама садои хуб доштан муҳим аст.
— Пас аз садои хуб, боз барои ҳунарманд шудан чӣ лозим аст?
— Албатта, дар ҷойи аввал садо меистад. Баъдан, дарки мусиқӣ, чеҳра ва пул.
— Назари аҳли оила ва атрофиён ба санъаткор шудани шумо чӣ гуна аст?
— Шукр, ки назари нек доранд ва пайваста дастгириам мекунанд. Махсусан, очачонам ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дастгиру дилбардору дилфаҳми ман ҳастанд.
— Аз оне ки ҳоло яке аз сарояндагони дӯстдоштаи мардум ҳастед ва доимо дар маъракаҳои хурсандии онҳо шодишарикед, бовар доштед, ки то ин андоза маҳбуб мегардед?
— Ҳам бале ва ҳам не. Боварӣ ҳиссест, ки баъзан дар инсон зиёд мегардад ва гоҳе бо рух додани ноҷӯрие кам мешавад. Ман ин ҳама дору нодорро ба назари Худованд рабт медиҳам.
— Баъзан мебинему мехонем, ки бархеҳо нисбат ба ҳунармандон назару гапи нохуб доранд. Оё чунин нафарон ба шумо таъсир равонида метавонанд?
— Аз инсонҳое, ки нисбати ҳунару ҳунарманд назари хуб надоранд, кӯшиш мекунам, ки дурӣ ҷӯям. Дар масъалаи нигоҳу ақидаи мардум бошад, ҳаминро мегӯям, ки назарҳо гуногунанд. Ҳар кас дунёро ба андозаи ақлу хиради худ мебинаду баҳо медихад. Гапи мардум маро нороҳат карда наметавонад, лекин фикри мухлисонамро ҳамеша ба инобат мегирам, зеро буду набуди ҳунарманд маҳз мухлисону ҳаводоронаш ҳастанд.
— Ба андешаи шумо сурудҳои дорои мазмуну маънои муайян ва ба бар кардани либосҳои миллӣ то кадом андоза ба ҳунармандони тоҷик муҳим аст?
— Ман ҳамчун духтари тоҷик, ки албатта, масъулияти бузург аст зери ин ибора, бештар кӯшиш мекунам, ки сурудҳои тоҷикӣ бо мазмуни хуб сароям. Зиёд мекӯшам, ки бо либоси махкаму шинами миллӣ сурудҳоямро омода созам. Ҳамчунин, чун медонам, берун аз кишвар ҳам мухлисони зиёд дорам, соле як ё ду суруд бо намоҳангаш барои онҳо нашр мекунам, ки аз сурудҳои дигарам бо каме замонавӣ буданашон фарқ мекунанд. Дар умум, фикр мекунам, ки матни хуб ва либоси миллӣ аз рукнҳои муҳими кори ҳар санъаткор буда, бояд муаррифгарӣ халқу ватанамон бошем, зеро хоҳ-нохоҳ ба кору эҷоди мо ҳазорҳо кас таваҷҷуҳ мекунанд.
— Бешак, сурудҳои шумо дар фазои маҷозӣ шунавандаву бинандаи зиёд доранд. Ин рақамҳо пеш аз ҳама барои шумо чӣ маъно доранд?
— Ин рақамҳо барои ман нишони шукр кардан ҳастанд. Шукр, ки заҳматҳои моро, сурудҳои моро мухлисонам қадр мекунанд.
— Мо бархе ҳунармандоне дорем, ки бо вуҷуди хеле зиёд машҳур буданашон ҳам таронаҳояшон дар шабакаҳои телевизиониамон пахш намешаванд. Албатта, ҳаводорони онҳо кам нестанд ва мехоҳанд, ки сурудҳои сарояндагони дӯстдоштаашонро дар телевизион гӯш кунанд, аммо чунин имкон нест. Бигӯед, ки сурудҳои шумо дар баробари миллионҳо тамошобин доштан дар фазои маҷозӣ, оё дар шабакаҳои телевизиониамон нишон дода мешаванд?
— Бале, сурудҳои ман дар баробари шабакаҳои иҷтимоӣ дар шабакаҳои телевизионӣ ҳам пахш мегарданд. Махсусан, дар Телевизиони «Сафина» қариб дар ҳама ҷашну маросимҳо сурудҳоям пахш мегарданд.
— Шумо дар Инстаграм ним миллион обуначӣ доред. Худатонро блогер меҳисобед ва оё ба шарҳҳои аксу наворҳоятон таваҷҷуҳ мекунед?
— Ман худро ҳеч гоҳ блогер намеҳисобам. Ман сароянда ҳастам. Дар мавриди шарҳу тавзеҳи корбарони шабакаи мазкур бошад, ба фикре ҳастам, ки назарҳо гуногунанд ва бояд чунин бошад. Ман ҳеҷ гоҳ кӯшиш намекунам, ки аксу наворҳои ғайриахлоқӣ гузораму хашми мухлисонамро биёрам. Ба ростӣ, ба шарҳҳои зери аксу наворам он қадар ҷиддӣ аҳамият намедиҳам.
— Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред ва мухлисонатон аз шумо чӣ интизор шаванд?
— Аблатта, нақшаи санъаткорон ҳамеша тавлиду таҳияи сурудҳои нав ва дилнишин аст, ки ман дар ин қатор мекӯшам барои мухлисонам таронаҳои хубу мондагор пешниҳод намоям.
— Ташаккур барои суҳбати ошкоро.
— Саломат бошед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ