“Замикание” ҳам «Фархор» ва ҳам «Дунё»- ро сухт?
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як шарҳи расмӣ расиши кӯтоҳ дар ноқилҳои барқиеро, ки аз болои дӯконҳои бозори «Фархор” мегузашт, ва вазидани шамоли сахтро сабаби асосии сӯхтори рӯзи 30 май дар бозорҳои «Фархор” ва «Дунё” дар маркази ноҳияи Фархор номидааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 31 май дар як шарҳи расмӣ хабар дод, ки бегоҳи 30 май, соати 17:10 «дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ноқилҳои симчӯбҳо оташ гирифта, дар қисме аз мағозаҳои бозорҳои ҶДММ «Фархор» ва ҶДММ «Дунё» воқеъ дар ноҳияи Фархор сӯхтор сар задааст. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳ дар ноқилҳои хати барқӣ мебошад, ки тавассути бозори ҶДММ «Фархор» аз болои дуконҳои савдо мегузашт ва дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ба амал омадааст.”Вазорати дохила мегӯяд, бо ҷалби мошинҳои сӯхторнишонӣ сӯхтор дар ду бозор дар маркази ноҳияи Фархорро алакай фурӯ нишондаанд. Бино ба ин манбаъ, дар ин сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда ва касе ҳам ҷароҳати ҷисмонӣ набрдоштааст: «Барои муайян кардани зарари расонидашуда аз сӯхтор комиссияи махсус аз ҳисоби мақомотҳои дахлдор таъсис гардида, тафтишот идома дорад.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ