Замин ҷунбид

Нимрӯзи 31-уми январ заминларзае Тоҷикистонро такон дод.

Сокинони Душанбе гуфтанд, ки заминларза хеле шадид буд ва тақрибан як дақиқа идома кард. Дар ин муддат баъзе аз мардум аз биноҳои баландошёна ба берун баромаданд.

Сокинони Хуҷанд гуфтанд, ки шиддати заминҷунбӣ дар онҷо низ баланд буд. Дар Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон гуфтаанд, ба зудӣ маркази заминларза ва дараҷаи онро дақиқ хоҳанд кард.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *