Заминҷунбии Ишкошим, хисорот нест

Заминларзаи қавие баъд аз зуҳри 9-уми май Тоҷикистонро такон дод.

Маркази зилзилашиносии Амрико гуфт, ки маркази ин заминларзаи 6.2 дараҷаӣ дар 36-километрии шимол-ғарби маркази ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон будааст.

Масъулини Маркази зилзиланигории Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, заминларза тахминан соати 15:31 ба вақти маҳаллӣ рух дода, таъсири он қариб дар тамоми кишвар мушоҳида шуд. Дар ин марказ мегӯянд, маркази зилзила дар 290-километрии шимол-шарқи шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. ​Шиддати ин зилзила дар Душанбе ва атрофи он ба ҳадде буд, ки сокинон аз манзилҳои худ берун шуданд. Шиддати ин зилзила дар Бадахшон аз ҳама бештар эҳсос шудааст. Навбатдори Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Азиз Панҷшанбеев  гуфтааст,ки  ба иттилои онҳо, маркази зилзила дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон — ҳудуди ноҳияи Ишкошим будааст. Вай гуфт, ки сокинони деҳаҳои наздимарзии Қозидеҳ ва Шанбедеҳ, ки бештар аз дигарҳо шиддати ларзиши заминро эҳсос кардаанд, хабар доданд, ки ин ҳодиса бидуни осебе гузаштааст. .»Мо бо худи сокинон ва раисони ҷамоатҳои ин ду деҳа сӯҳбат кардем ва онҳо гуфтанд, ки ҳама хуб аст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ манзиле осеб надидааст. Вазъро зери назорат дорем», — гуфтааст Азиз Панҷшанбеев. Зевар Карамшоев, котиби раиси ҷамоати Қозидеҳ ҳам гуфтааст, ки «вазъ хуб аст ва ҷое барои ташвиш нест». Ба гуфтаи ӯ, ҳоло аз саросари ҷумҳурӣ ба онҳо хешовандону наздикон занг зада нигаронии худро баён мекунанд. «Хушбахтона, ҳама тинҷ аст, хавотир нашавед», — афзуд ӯ.Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, ин ду деҳ дар 13-километрии марзи Афғонистон ҷойгиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *