Заминфурӯшӣ дар Ёвон ва ба даст афтодани қаллобон 

 

Агентии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти Зафар Сангинмуродов, заминсози ҷамоати шаҳраки Ёвон хабар дод. Ӯ дар гирифтани пора муттаҳам мешавад. 

Тибқи иттилои ин ниҳод, Зафар Сангинмуродов бо маслиҳати пешакӣ бо шиносаш Бахтиёр Авғонов аз шаҳрванд “А” барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 2000 доллар талаб намудааст. Манбаъ мегӯяд, гумонбарон, дар ду ҳолат 1000 доллар ва 1000 сомонӣ гирифта, овардани 5000 сомонии дигарро талаб кардаанд: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Сангинмуродов Зафар Убайдуллоевич ва Авғонов Бахтиёр Тағоевич баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуда, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд”.

Агентӣ мегӯяд, нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *