Заминларза дар Балкан: 20 ҳалокшуда ва садҳо захмӣ
Дар натиҷаи заминларза дар Албания дасти кам 20 одам ҷон бохтанд. Хабаргузории AFP бо истинод ба Вазорати дифои ин кишвар иттилоъ дод, ки садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Заминларзаи 6,4-балӣ тақрибан дар 30-километрии шаҳри Тирана, пойтахти Албания рух додааст. Аз ҳама бештар Тирана ва шаҳри Дуррес осеб дидаанд. Дар ҳоли ҳозир корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд.
Ба огаҳии Вазорати тандурустии Албания, дасти кам 600 сокини ин кишвар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои Радиои Озодӣ, 9 нафар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд.
Маркази зилзилашиносии Аврупо-Миёназамин (EMSC) дар Босния ва Гертсеговина низ заминларзаи 5,4- балиро ба қайд гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ