Заминларзаи шадиди Туркия ва Сурия. Теъдоди қурбониён аз 500 нафар гузаштааст
Заминларзаи субҳи имрӯз, 6-уми феврал, ки дар ҷануби Туркия дар Қаҳрамонмараш ба вуқуъ пайваст, манотиқи атрофро низ такон додааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, шиддати заминларза то 7,4 — 7,8 бал арзёбӣ мешавад, ки марази он дар умқи 18 километр, тақрибан 33-километрии шаҳри Газиантеп будааст.
Гуфта мешавад, ки ин заминларза қавитарин аз соли 1995 инҷониб будааст. Он дар Кипр, Лубнон ва Миср эҳсос карда шудааст.
Бино ба иттилои мавҷуда, теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Сурия ва Туркия аз 500 нафар гузаштааст, ки дар миёни онҳо беш аз 230 суриягӣ ва дастикам 280 шаҳрванди Туркия будаанд.
Бино ба иттилои РИА “Новости”, дар вилоятҳои Ҳалаб, Латакия, Ҳама ва Тартуси Сурия 237 нафар кушта ва 639 нафар маҷруҳ шудаанд.
Ноиби президенти Туркия Фуат Октай низ гуфтааст, ки дар ин кишвар 284 нафар ба ҳалокат расида, 2383 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ