Занҳои ихтироъкори тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалӣ соҳиби 6 медал шуданд

Занҳои тоҷик дар 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE -2024» соҳиби се медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ шуданд. Ин намоишгоҳи байналмилалӣ аз 20 то 22 июни соли равон онлайн доир гардид.

Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Pressa.tj  иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки 26 июл бонувон — ихтироъкорони тоҷик аз ҷониби директори муассисаи мазкур Мирзо Исмоилзода қадрдонӣ шудаанд.

Бо медали тилло ва ҷоизаи махсуси Ассотсиатсияи ихтироъкорони Тайланд Назирабегим Бораҷабова бо ихтирои – «Маводи дорои таъсири зиддиилтиҳобӣ ва ҷароҳатдармонӣ», Шафоат Олимова бо ихтирои – «1-хлор-3-метокситриптофало пропан-2-олов 3α, 7β-дигидрокси кислотаи холонати дорои таъсири зиддимикробӣ» ва Аниса Азизмамадова бо ихтирои – «Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ дар занон» сарфароз гардиданд.

Бо медали нуқра Муҳаббат Урунова барои ихтирои – «Мавод барои табобати бенаслӣ дар занҳои дорои бачадони гипоплазияи (майда) дараҷаи I-II» ва Марҷона Шоназарова бо ихтирои – «Тарзи пешгирӣ ва табобати энтеропатияҳо, ки дар заминаи полихимиотерапия ситостатикии пуршиддат инкишоф меёбанд» сарфароз шуданд.

Инчунин бо медали биринҷӣ Гулнора Ҳоҷиева барои ихтирои –«Маҷмӯи доруворӯи растанигии «Чордору» сарфароз шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *