Занҳоятонро эҳтиёт кунед! Марде 130 зани шаҳвардорро фурӯхт
Ё наузанбиллоҳ! Ин чи рӯзест, ки сари мардум бор мешавад? Ин чӣ ҳаводисес, ки гӯшзад мегардад? Ин дар кадом чаҳорчӯби қавонини шариати исломӣ дуруст меояд? Дар куҷо гуфта шудааст, ки бидуни иҷозати хонавода ва шаҳвараш занеро фурӯшӣ? Ин бесарусомониҳо, беадолатиҳо, таъзиқу фишорҳо то ба кай болои мардуми одӣ бор мегардад?
Мақомоти амниятии Толибон дар вилояти Ҷузҷон мегӯянд, як нафарро ба ҷурми фурӯши 130 зани шавҳардор дар шаҳри Шибирғон боздошт намудааст
Фармондеҳи пулиси Толибон Мулло Сироҷ дар Ҷузҷон гуфтааст, нерӯҳои ин гурӯҳ дар як иқдоми тоза мардеро боздошт карданд, ки 130 зани шавҳардорро барои танфурӯшӣ ба вилояти дигар интиқол медод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Салом Ватандор ба нақл аз фармондеҳи пулиси Ҷузҷон навишта, ки нерӯҳои толибон бо роҳандозии чандин амалиёти ҳадафманд ин мардро боздошт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол фармондеҳи пулис дар ин бора ҷузъиёти бештар надодааст.
Бояд зикр намуд, ки дар соли равон ҷангҳои шадид хонаводаҳои зиёдеро ба шаҳри Ҳирот овора карду бо пошхӯрдани ҳукумат пешин дар Афғонистон ва сари қудрат омадани Толибон фақру гуруснагӣ, бахусус миёни оворагони дохилӣ афзоиш ёфт.
Аксари оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ ҳоло бо сард шудани ҳаво ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд. Аммо то ҳанӯз созмонҳои байналмилалӣ барои расонидани кӯмакҳои башардӯстона тасмими қатъие нагирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ