Зан ҳангоми пистачини ба ҷари афтид

Сокини 47-солаи деҳаи Лангари шаҳри Норак ҳангоми чидани писта ба ҷарии умқаш 20 метр сарозер шуд. Дар ин бора  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳодисаи мазкур 11 август, тақрибан соати 10:30 рух додааст. Ба ҷои ҳодиса кормандони шуъба ва хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷоти кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак сафарбар гардиданд.
Онҳо шаҳрванди захмиро аз ҷарӣ берун оварда, ба бемористони шаҳри Норак интиқол доданд.
Духтурон ҳоли беморро хуб арзёбӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *