Зан 14000 сомониро дуздидааст

Зани 40-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони дуздидани 14000 сомонӣ аз маркази савдои “Дилшоди Барно” боздошт шудааст.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан аризаи марди 29-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки охирҳои моҳи ноябри соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, воқеъ дар маркази савдои “Дилшоди Барно” даромада, аз он ҷо 1-адад сумкаи занона, ки дар дохилаш 14000 сомонӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи сокини деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”, — омадааст дар иттилоия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *