Зан аз рашки зиёд худ ва кӯдаконашро оташ зад
Як сокини 27-солаи ноҳияи Шӯрчини вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон рӯзи 15 апрел ба сару рӯи худу ду кӯдаки ноболиғаш бензин пошида, оташ задааст. Кӯдакон аз ҷароҳатҳои бардошта фавтиданд. Зан бо 80 дарсади сӯхтагии бадан дар бемористон бистарӣ аст.
Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шудааст.
Ба иттилои як манбаъ аз додситонии вилояти Сурхандарё, ин фоҷиа дар пайи баҳси миёни зану шавҳар сар задааст.
«Таҳқиқ муайян кард, ки ҷанҷоли зану шавҳар ба далели рашк сар задааст. Баъди он зан худу кӯдаконашро оташ мезанад. Ҳамсояҳо аз оташсӯзӣ ба мақомот хабар доданд», — гуфт манбаъ дар додситонӣ.
«Кӯдакони ин зан дар бемористон фавтиданд. Зеро сад дарсади баданашон сӯхта буд. Шавҳари вай низ дар бемористон аст. чунки дар талоши наҷот додани кӯдакон 15 дарсади ҷисмаш сӯхтааст. Муфаттишон ҳодисаро таҳқиқ доранд», — афзуд манбаъ.
Як сокини маҳаллӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, зан вақте фаҳмид, ки шавҳараш тасмим дорад, зани дигар бигирад, худу кӯдаконашро оташ зад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ