Зан барои таҷовуз шавҳарашро кушт

Як корманди раёсати корҳои дохилии вилояти Самарқанд ба радиои «Озодлик” гуфтааст,ки  ҷасади марди 48-соларо бо осори ҷароҳатҳое, ки зоҳиран бо шишаи тез расондаанд, рӯзи 27 январ пайдо карданд: «Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки ҳодиса шаби 26 январ, соати 22 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Зани боздоштшуда У.У. эътироф кард, ки ба рӯи шавҳараш бо зарфи шишагӣ зада, сипас зери лагад гирифтааст. Ҳоло ин зан дар боздошт қарор дорад. Нисбат ба вай парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.”

Яке аз ҳамсояҳои ин оила дар маҳаллаи Ҷаҳонобод гуфт, ки байни зану шавҳар доим ҷангу ҷанҷол буд. Марди кушташуда, ба гуфтаи вай, шоистаи ягон дилсӯзӣ набудааст: «Росташро гӯям, марди кушташуда як ҳаромӣ буд. Ҳар рӯз менӯшид ва доим занашу духтаронашро озор медод. Баъди кушта шуданаш овозаҳои гуногун паҳн шуд. Мегӯянд, ки ин мард духтари калониашро доим таҷовуз мекард. Он рӯзи куштор мард ба хона маст омада, хостааст ба номуси духтари хурдиаш бирасад. Зан инро дида, шавҳарашро кушт.”

Дар суҳбат бо хабарнигори «Озодлик” як корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Пахтачӣ низ хабар додааст, ки зани дастгиршуда дар ҷараёни бозпурсӣ сарусадоҳо дар бораи пайваста ба номуси духтарони калониашон таҷовуз кардани шавҳарашро тасдиқ кардааст: «Зан гуфт, ки шавҳараш духтари калониашонро, ки 18 сол дорад, доим бо зӯрӣ таҷовуз мекард. Вале вақте ки мард хостааст, ки бо зӯрӣ ба номуси духтари хурдиаш, ки ҳамагӣ 16 сол дорад, бирасад, зан сахт ба хашм омада, бо бутилкаи шишагӣ ба сари шавҳараш зада, ӯро куштааст. Вале тафтишот ҳанӯз идома дорад.”

Бино ба омори ВКД Ӯзбекистон, дар соли 2018 дар ин кишвар беш аз 70 куштор дар заминаи муноқишаҳои байни занону шавҳарон рух додааст. Дар 61 маврид шавҳарон ҳамсарони худро куштаанд ва дар 10 мавриди дигар занон шавҳарони худро ба ҳалокат расондаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *