Зан дар назди бинои додситонӣ худсӯзӣ кард, вале падараш ҷароҳат бардошт
Муқаддас Мустафоева, як сокини маҳаллии вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ба сару рӯяш бензин пошида, назди бинои додситонӣ худсӯзӣ кард. Олим Мустафоев, падари 66-солаи вай ҳангоми талоши наҷот додани духтараш ҷароҳат бардошт.
Зан маҷруҳ нашуд, зеро оташро сари вақт хомӯш карданд. Мустафоева гуфт, баъди он ки додситонии ноҳия ва вилоят шикояти ӯро дар робита ба тахриби манзилаш баррасӣ накарданд, даст ба худсӯзӣ зад.
Субҳи 19 феврал Муқаддас Мустафоев ҳамроҳ бо падараш барои супурдани ариза ба додситонии вилоятӣ рафт. Аммо посбонон нагузоштанд, ки духтару падар вориди бино шаванд.
«Манзили духтари ман тибқи нақша бояд тахриб шавад. Мо як сол аст, ки зидди тахриб мубориза дорем. Касе намехоҳад моро гӯш кунад. Акнун мақомот мехоҳанд, тавассути додгоҳ хонаро тахриб кунанд. Аз ҳамин хотир духтарам худро назди додситонӣ оташ зад. Ман талош кардам, ки оташи ӯро хомӯш кунам, вале дастонам сӯхтанд. Бензин дар сару тани ман рехт ва дигар узвҳоям ҳам сӯхтанд», — гуфт Олим Мустафоев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ