Зан дар сардхона зинда шуд

Духтурони Беморхонаи марказии минтақавии Горшеченскии вилояти Курск бемори солхӯрдаро ба таври хато фавтида ҳисобида, ӯро ба сардхона фиристоданд. Субҳи рӯзи дигар вайро дар он ҷо зинда пайдо карданд, менависад «Интерфакс».

Тибқи иттилои расонаи маҳаллии “Kurskie Izvestia”, зани нафақахӯр бо дарди шикам дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ шудааст. Табибон вақти ташхис муайян мекунанд, ки пиразан ба бемории курруда гирифтор буда, ҷарроҳи карданаш ҳатмӣ аст. Дар ҷараёни амалиёт як варами ашаддӣ ва метастазҳо пайдо мешаванд. Тавре рӯзнома бо истинод ба манбаъ менависад гузариши рӯда барқарор карда мешавад, аммо пас аз амалиёт зан дигар нафас намекашид. Табибон кӯшиш намудан, ки давомии 30-40 дақиқа нафаскашии беморро  барқарор кунанд, аммо ин ба ҳеҷ нафъе нарасонд. Нафаскашӣ набуд, набзи онро ҳис кардан мумкин набуд ва нишонаҳои ҳаёт вуҷуд надоштанд. Пас аз чунин як ҳолат табибон ба хулосаи аниқ омаданд, ки пиразан вафот кардааст.

Пас аз он, беморро ба сардхона фиристоданд. Субҳи рӯзи дигар корманди сардхона мушоҳида мекунад, ки зан зиндааст ва дар болои кати сардхона менишаст.

 
Манбаъ ба рӯзнома шарҳ додааст, ки беморхонаҳои ноҳиявӣ аксар вақт таҷҳизоте надоранд, ки фаъолияти мағзи сар ва набзи дилро санҷанд. Маҳз ин технологияҳо дақиқ муайян мекунанд, ки оё касе зинда аст ё мурда. Дар минтақаҳо, марг тавассути аломатҳои беруна муайян карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *