Занҳои афғон ҳам роҳпаймоӣ мекунанд

Садҳо зан дар пойтахти Афғонистон Рӯзи байналмилалии занон — 8 мартро бо раҳпаймоӣ таҷлил ва ба мақомот гушрас карданд, ки садои занон шунида шавад, ҳуқуқи онҳо ба таълим таъмин ва аз хушанат алайҳи онҳо ҷилавгирӣ шавад.

Раҳбари Комиссияи мустақили ҳуқуқи башар Симо Самар дар муроҷиат ба занон дар нерӯҳои амниятии Афғонистон гуфт, «Амнияти шумо, амнияти занони Афғонистон аст». Ӯ аз занони даъват кард, ки аз ҳамагуна хушунат ва зургӯӣ ба камиссюни ҳуқуқ гузориш диҳанд.

Самар гуфт, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад дар бораи зоҳири ин занҳо назар диҳад ва бо онҳо беҳурматона и сӯҳбат кунад.

Ба сурати умум, вазъи занони афғон дар даҳсолаҳи ахир, махсусан дар шаҳрҳо, тадриҷан беҳтар шудааст, аммо занҳои деҳот ба табъиз ва хушунат рӯ ба рӯ ҳастанд.

Созмони байналмилаии Ҳюман Райтс Вотч ва Комиссияи Амрико дар умури озодиҳои мазҳабӣ аз вазъи занон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *