Занҳои Сурия ҳиҷобҳои сиёҳро месӯзонанд

 Беш аз ду ҳазор занони осоиштаи шаҳри Манбиҷ (музофоти Ҳалаб), ки террористони ДИИШ онҳоро ҳамчун «сипари зинда» нигоҳ медоштанд, 13 август озод карда шуданд. Муқобилиятҳои ҳарбӣ дар Ҳалаб бо иштироки бевоситаи Русия ва Сурия, инчунин дастгирии бозингарони калидӣ, ба мисли Эрон, Изроил ва Туркия нақшаҳои сиёсии мухолифони режими Асадро дар минтақа барбод дода, рафти таърихи ҷаҳониро дигар мекунанд.

Сокинон, аниқтараш занони ин шаҳри Сурия амалан шикаст хӯрдани ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро бо сӯзонидани ҳиҷобҳои сиёҳ ҷашн гирифтанд. Дар ин бора «Indy100» хабар медиҳад.

«ДИИШ занонро дар ҳудудҳои таҳти назораташ маҷбур месохт, ки ҳиҷоби сиёҳ ба бар кунанд-тамоми баданашонро пӯшонанд. Занону духтарон бо камоли шодӣ матоъҳои сиёҳро сӯзонданд»,- менависад «Indy100».

Пас аз амалиёти муваффақона 70% шаҳри Манбиҷ аз асорати ҷиҳодиҳо озод карда шуд. Исломгароён ақибнишинӣ карда, дар маҳаллаи қадимаи шаҳр ҷойгир шуданд. Зарбаҳои ҳавоӣ то ҳол қатъ нашудаанд ва сокинон ба ҷойҳои дур аз амалиёти ҳарбӣ паноҳ бурдаанд. Телевизиони курдӣ нишон дод, ки Нерӯҳои демократии Сурия (SDF) қариб се ҳазор нафарро озод карданд. Одамон аз мағлубияти террористон шодмонӣ мекарданд. Мардон ришҳоеро, ки маҷбуран монда буданд, тарошиданд занон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *