Зан зани дигарро 4 корд зад…

Тавре  ВКД хабар додааст, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 18-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 23:40-дақиқа, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт дар дохили бинои навсохт зани 26-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 4-маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. Дар ин бевақтии шаб ин занҳо он ҷо чӣ кор мекарданд ва сабаби моҷарояшон чист, дар ин бора маълумоте дода нашудааст.
 Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *