Занам дар ҷойгаҳ ба ошиқонаш СМС менависад

Салом хонандагон ва аҳли коригарони сомонаи  «tajikistantimes.tj». Ман як ҷавони бадбахте ҳастам, ки  дар синни даҳсолагӣ якбора ҳам аз падару ҳам аз модар маҳрум гаштааст. Волидонам дар садамаи автомобилӣ ҳалок шуданд ва барои хонаву дари моро соҳиб шудан амакам парастории маро ба зиммаи худ гирифт. Мане, ки фарзанди яккаву ягона ва эркаи волидонам будам, баъди сари падару модарам дар хонаи худамон ҳақ надоштам, ки поямро дароз карда бароҳат хоб равам ё як бурида нонро бе миннату ҷангу ҷанҷол ба даҳонам барам. Ранҷу азобам бисёр бошад ҳам, дар мактаб бо баҳои аъло мехондам. Директори мактабамон одами хуб буд, маҳз бо кӯмаку дастгирии ҳамин марди нек мани ятим баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи миллӣ дохил шудам. Дар соли чоруми таҳсил амакаму янгаам хостанд маро хонадор кунанд. Дӯстдоштаамро ба зани гирифтан мехостам, вале янгаам ду пояшро ба як мӯза андохта мегуфт: “Бегона мисли саги девона аст, маълум нест, ки кай туро мегазад. Беҳтараш ягон духтари таҳдонро келин мекунем…” Нияти зани амакам он буд, ки духтари хоҳараш-ҷиянашро ба ин хона биёрад ва билохира ба мақсуд расид. Ҳамсарам духтари зебо бошад ҳам, ғуруру худписандиаш ба ман маъқул набуд. Вай натанҳо маро ягон зарра писанду манзур намекард, балки холаи худашро ҳам ба як пули пучак нагирифта, рӯзи дароз телефонбозӣ карда мешишт. Рӯзе телефони занамро гирифта аз назар гузаронам. Ба саҳифаи паёмакҳо даромадаму ҳуш аз сарам парид. Зайнура ҳатто шабона, вақти дар оғӯши ман будан ҳам ба ошиқонаш СМС  менавиштааст. Аз ғазаб девона шуда, дарҳол талоқашро додам ва аз баҳри хонаву дари аз падарам мерос монда гузашта танҳо як пиҷакамро гирифта аз дар баромадам. Бо дили пурхун ба назди ишқи аввалам Мадина рафта, ҳамаашро нақл кардам. Вай маро бо падару модараш шинос кард. Волидонаш одамони мефаҳмидагӣ будаанд, падараш саргузашти талхи маро шунидан пас, аз ҳисоби худаш тӯй карда, Мадинаро ба никоҳи ман даровард, баъд маро дар ширкати худаш ба кор гирифт. Имрӯз ман зиндагии хушбахтона дорам ва аз ягон чиз танқисӣ намекашам. Амакаму янгаам аз корҳои кардаашон  пушаймон шудаанд, вале пушаймонӣ дигар суде надорад…

Маъруф Солиҳов, н. Ховалинг

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *