Занам маро ба Русия бадарға кард
—Салом! Ин ҷо идораи сомонаи Tajikistan times аст?
-Бале. Ягон хоҳиш доштед?
-Мехоҳам мисли дигар аламзадагон дарди дили маро ҳам бароред.
–Марҳамат, мо шуморо гӯш мекунем.
-Қариб 8 сол шуд, ки оиладорам. Ҳамсарам Зайнура ном дорад. Мо мисли дигарон надида хонадор нашудаем, ҳашт соли расо бо ҳамдигар ишқу ошиқӣ карда, баъд риштаи тақдирамонро ба ҳам пайвастем. Зайнура аввалҳо духтари хуб буд, вале баъди келин шуда ба хонаи мо омадан пӯстинашро чапа пӯшид. Рӯзе, набуд, ки бо ягон баҳона бо ман ҷанҷол набардорад. Гумон доштам, ки фарзанддор шавем, ақлаш ба сараш мезанад, вале беҳ нашуд, ки бадтар шуд. Пас аз модар шудан занам тамоман аз худ рафта, дигар умуман ба гапи ман гӯш намекард. Ба қавли кампиракон коса ба лаби кӯза расид, гиребонамро дошта талоқамро деҳ мегуфт. Насиҳат мекардам, сарзаниш менамудам, мушт ба дару девор кӯфта дод мезадам, ки ту аз ман чӣ мехоҳӣ, вале ҳамсари якравам ҳеҷ одам намешуд, ки намешуд. Тоқатам тоқ шуду рӯзе ӯро чанд мушт задам. Гирякунон маро гунаҳкор намуда гуфт: “Падару модарат ҳар рӯз ману фарзандонамро тайёрхӯр гуфта таъна мезананд, охир то ба кай ту дар кунҷи хона мешинӣ, мисли дигар мардҳо ба Русия раву ҳар моҳ пул фирист, то забонкӯтоҳ нашавем…” Ба хотири вайрон нашудани оилаам пул қарз кардам ва бо ҳамсарам ҳатто хайрухуш накарда Русия омадам. Як моҳ мешавад, ки бекорам. Дар иҷорахонаи дӯстонам худамро як нонхӯри зиёдатӣ ҳис мекунам. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам, ба Ватан баргардам гӯям, аз таънаю маломати Зайнура метарсам, дар ин ҷо монам, ҳолам торафт бадтар шуда истодааст. Умеди охиринам ҳамин сомона аст. Ман аз кулли муҳоҷирони шаҳри Самара хоҳиш мекунам, агар ягон ҷойи кори хуб ёбанд, ҳатман маро ба наздашон ҷеғ зананд, то хандахариши зани бемеҳрам нагардам!
Бо умеди зангҳои шумо, Муҳаммад!
Муштарии +789214147211
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ