Занбӯри хитоӣ, неш дораду нӯш не…  

Хитой  пас  аз истиқлолияти Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба ин ҷо “сар халонд” .Ин кишвари абарқудрат,ки таи  зиёда аз  30 соли охири умри Иттиҳоди Шӯравӣ бо он “ҷангӣ” буд ва муносибатҳои ду кишвари коммунистӣ то ҳадди охирин поин рафта буданд, баъд аз пошхӯрии СССР    пойгоҳро дар Осёи Марказӣ холӣ ёфт ва бо суръати баланд бо кишварҳои навтаъсиси ин минтақа муносибатҳои хуб барқарор намуд. Таври маълум, дар гузашта дар паи муноҷишаҳои идеологӣ байни Мао Тзе Дун ва роҳбарони шӯравӣ, (асосан пас аз  сиёҳ кардани номи Иосиф Сталин, ки то имрӯз дар Хитой ӯро ҳамчун  яке аз бузургтарин роҳбарони ҳаракати коммунистии ҷаҳон мешиносанд) муносибати  ин кишварҳо хароб шуд ва ҳатто ба ҷанг дар ҷазираҳои Даманск, дар рӯди Амур оварда расонд. Он замон ҳарчанд ин ҷанг бо ғалабаи нисбии СССР хотима ёфт, аммо солҳои баъдӣ  бе ҳеҷ гуна ҷанг Русия онро ба Хитой баргардонд. Баъдтар дигар кишварҳое,ки Хитой нисбати онҳо даъвои сарҳадӣ дошт (Қазоқистон,Тоҷикистон), низ “ҳиссаи “аждаҳои  сурх” –ро ба вай доданд. Минбаъд Хитой  сиёсати ворид намудани иқтисодиёти худро ба ҳамсоякишварҳо хеле моҳирона истифода бурду айни замон низ аз чунин  сиёсат истифода бурда истодааст. Дар ҳамаи кишварҳои пасошӯравии ҳамсарҳади Хитой чунин тарзи муносибат бо ҳамсояҳо натиҷаҳои хуб ба бор оварда истодааст. Аз ҷумла, ҳоло на танҳо иқтисодиёти Қирғизистони аз ҳама бештар ба ин кишвар вобаста, балки Ӯзбекистону Тоҷикистон низ сол ба сол бештар “хитоӣ” мешаванд. Албатта, чунин ҳамкориҳо барои кишварҳои  рӯ ба инкишоф муфид аст ва барои рушди иҷтисодиёти онҳо сармоягузориҳои  бузурги хитоӣ кумаки бесобиқа мерасонанд.Аммо ин кумакҳо ҳам ба гуфти мардум “себамро хӯрдӣ, ғозашро бидеҳ” аст. Яъне, ба қавли русҳо “панири бепул танҳо дар мушқапак мешавад” . Аммо кадоме аз шарикони иқтисодии Хитой дар ин ҷода аз ҳама бештар бурд мекунанд ва  барои худ аз “панири бепул”-и Хитой бе хисороти зиёд аз ҷониби худ соҳиб мешаванд, ба ҳунари онҳо вобаста аст.Аммо ин экспансияи хитоӣ ҳаргиз безарар нест…

Тавре ки расонаҳо иттилоъ медиҳанд, неши як занбӯр, ки то чанд сол пеш дар Тоҷикистон набуд, модари 32 -солаеро дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳалокат расонидааст. Гулҷаҳон Назарова, сокини деҳаи Сайроби ноҳия , ба гуфтаи табибон, рӯзи 26-уми октябр пас аз ним соати неш задани занбӯр ҷон додааст.Ба гуфти коршиносон, ин намуди занбӯр ба Тоҷикистон дар қуттии меваҷоте, ки аз Хитой ба Тоҷикистон оварда шудааст, меояд. Таи чанд соли охир занбӯри одамкуш,ки таъсири заҳраш аз занбӯрҳои маҳаллӣ бештар аст, на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар доманакӯҳҳои Ҳисор низ паҳн шудааст. Ин намуди занбӯр гӯё шингили ангурро пурра мехӯрад ва ҳатто тухми занбӯрони маҳаллӣ ва занбӯри асалро нест мекардааст. Таре, ки Файзалӣ Ҳакимов, мудири Инстутитути зоология ва паразитологияи Академияи илмҳо гуфтааст, “Ин занбӯр хосияти даррандагӣ дорад. Дигар ҳашарот ва ҳатто занбӯри асалро мехӯрад. Занбӯрҳои маҳаллӣ як дона ангур мехӯрданд, ин занбӯр хӯшаро пурра мехӯрад. Шоҳид шудам, ки ҳатто сӯзанакро хӯрд. Як занбури сиёҳ буд, ки дар кундаҳои дарахтон асал мегузошт, ин занбур онро хӯрдааст ва шумораи занбӯрҳои сиёҳ хеле кам шудааст”…

Таври маълум, ҳоло аз Хитой ҳарчӣ бештар меваҳои ба қавли мардум “пластикие”, ки намуди зебо, вале маззаи на он қадар хуш доранд, меоянд. Аз ин кишвар техника ва  қисмҳои эҳтиётии  сифаташ ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ набуда, ҳамчунин  бозичаҳои зарарноки кӯдакона ва ҳатто молу маводи сирф тоҷикӣ, аз қабили тоқию носкаду ва тасбеҳу ҷойнамоз, дандонкову гаҳвора ва ғайра ворид мегарданд, ки ҳамагӣ аз пластмасса ва маводҳои кимиёвӣ сохта шудаанду ба саломатии инсон ноаён таъсири ислоҳнопазир мерасонанд. Онҳо бозори истеъмолии мардуми Осиёи Марказиро ба хубӣ омӯхта, мувофиқ ба он маҳсулот истеҳсол мекунанду ба ин ҷо, барои фурӯш меоранд. Воқеан, ба ин  ҳунари хитоиҳо қоил бояд шуд. Хитоиҳо диданд, ки ҳатто овардани бор аз Хитой ба Тоҷикистон маблағ талаб мекунад, истеҳсолотро дар худи кишварамон  ба роҳ монданд. Ҳоло дар ҳамаи гӯшаю канори Тоҷикистон арматураҳои пастсифати хитоиро,ки аз чӯян ва дигар оҳанпораҳои ҷамъовардаи мардуми маҳаллӣ гудохта мешавад, дар сохтмон истифода мебаранд, ки ин ҳам оқибат зарари худро ба хонасоз мисли занбури хитоӣ хоҳад расонд. Чаро мардум дидаю дониста, аз маҳсулоти пастсифати “дӯсти бузурги худ” истифода мебаранд? Иллат дар як чиз аст: ин молҳо арзонанд! Дар кишвари мо бошад, ин омили асосиест,ки шаҳрванд ба чунин мол  рӯ орад. Пас, мо чӣ кор кунем? Аз меваҳои занбӯри хитоидор, аз армотураи чӯянӣ, аз либосу  попӯшиҳои “якмоҳа”, аз носкадую тоқии пластмассӣ даст кашем? Не, наметавонем ва ин ҷо гуноҳи мо ҳам нест. Зеро барои садди роҳи чунин воридот гардидан аллакай дер шуд ва ҳоло молҳои арзони хитоӣ як ҷузъи рӯзгори мо шудааст. Акнун танҳо назорат лозим аст, ки онҳо аз ҳад нагузаронанд. Ба ҳамаи молҳои воридотӣ Тоҷикстандарт сертификати мувофикат медихад. Оё дар лабараторияхо ин махсулот санчида мешаванд, ки чунин сертификат дода мешавад? Ин сохтор аз нозуктарин маҳсулоти электронӣ сар карда, то  самолет ва печенехои аз махсулоти нефти тайёркарда сертификат медихад. Гумрук ҳам лабораторияи худро  дорад.

Ман аз бегонагон харгиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чи кард,  он ошно кард..

Яъне, аз худамон бояд гиламанд бошем, ки имрӯз замбурҳои хитоӣ мекушандамону бозичаҳои хитоӣ кудаконамонро заҳролуд мекунанд.

Барои ин назоратро сахт кардан лозим асту халос. Ҳам назорати сифату ҳам назорати қонунияти фаъолият ва ҳам назорати барои саломатӣ зарурӣ… Хитоиҳо бояд фаҳманд, ки ҳарчанд мо кишвари нисбати ин абарқудрат хеле хурдем, аммо метавонем аз худ ва аз  манфиатҳои мардуми худ ҳимоя кунем.Ҳатто “аждаҳои афсонавӣ”  сурх аст ё сафед, дар хотимаи афсонаҳои  тоҷикӣ аз дасти паҳлавони афсонавӣ мағлуб мешавад…

А.АҲМАДЗОДА,

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *