Зане барои бо СПИД олуда кардани мардҳо маҳкум шуд

Як зан, сокини шаҳри Конибодом барои дидаю дониста зери хавфи сирояти СПИД  гузоштани мардон бо моддаи 125 Кодексия ҷиноятии Тоҷикистон ба муддати 2 солу 7 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

Ба гуфтаи Зафарбек Давлатзода,  раиси шаҳри Конибодом дар шаш моҳи соли 2019 дар ҳудуди ин шаҳр гирифторони ВИЧ-СПИД 225 нафарро ташкил додааст, ки теъдоди бештари онҳо аз солҳои қаблӣ дар қайд ҳастанд.

 “Вале зан-модар паҳнкунандаи ин вируси қаттол буданаш боиси афсӯс ва нигаронист”-афзуд Давлатзода.

Ҳабибулло Воҳидов, Прокурори вилояти Суғд дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо кормандони соҳаи тиби вилоят изҳори нигаронӣ кард, ки танҳо дар давоми  моҳи январи соли 2019 нисбати 7 нафари сирояткунандагони ВИЧ-СПИД  парвандаи  ҷиноятӣ боз шудааст.

 Ба гуфти Прокурори вилоят соли 2018 ҳамагӣ нисбати 6-нафар ба моддаи 125 парванда оғоз шуда буд, аммо дар як моҳи соли 2019 ин шумора ба 10 адад расидааст. 

Ҳамчунин, дар миёни  арӯсу домодшавандагони вилояти Суғд 17 нафар мубталоёни  ВИЧ-СПИД ошкор шудааст.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *