Зане ду тифли навзодро аз ошёнаи 2-ум ба замин партофт

Шаби 8 ба 9 сентябр дар пушти бинои таваллудхонаи ноҳияи Намангони Ӯзбекистон ду тифли зиндаро пайдо карданд, ки 2 сентябр ба дунё омада буданд.

Навзодон зуд ба бахши эҳёгарӣ интиқол дода шуданд, вале табибон натавонистанд, ҷони онҳоро наҷот диҳанд.

Ба огаҳии Додситонии кулли Ӯзбекистон, бемор Д. Х., ки 2 сентябр кӯдак таваллуд карда буд, пас аз огаҳ шудан аз нуқси пои духтарчааш шаби 8 ба 9 сентябр, тахминан соатҳои 03:00 ӯро бо як тифли навзоди дигар аз тирезаи ошёнаи дувум ба замин партофтааст.

Дар натиҷа ҳар дуи навзодон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи масъулони додситонии Ӯзбекистон, зан тифли бегонаро ба хотири рӯйпуш кардани ҷинояткории худ ба замин партофтааст. Ҳоло зидди вай бо банди «Куштори барқасдона» парванда боз шуда, ба ӯ аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Зидди шахсони масъули таваллудхона низ барои «дуруст анҷом надодани вазифаҳои худ» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳашон то 8 сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *