Зане, ки ҳамрози бонувон аст
Қаҳрамони “Иродаи зан” худ ироди қавӣ дорад ва ба дигарон бо ирода буданро меомӯзонад. Ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ҳамчун равоншинос мешиносанд. Ҷаннат Абдуллоева пас аз оилавайрон шудан роҳи ҳалли мушкили худро дар мутолиаи китоб пайдо кардааст, зеро китоб барои мо дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсуҳбати беназир ва ниҳоят сарвати бебаҳост. Феълан хонум Ҷаннат дар шабакаҳои иҷтимоӣ блоги худро дораду ба ниёзмандон кӯмаки психологӣ мерасонад.
Мо бо Ҷаннат аз мушкилоти занон ва роҳҳои расидан ба худшиносиву худогоҳии онҳо ҳарф задем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.
-Шуморо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай бисёриҳо мешиносанд, аммо мехоҳем ба хонандагони ҳафтаномаи “Оила” дар бораи худ маълумоти мукаммалтар диҳед.
-Маро ҳамчун Ҷаннат Абдуллоева мешиносанд, аммо номи аслиам Нигораи Абдулло аст. Аз сабаби он ки қабл аз муаррифӣ шудан бисёр азоб кашида будам, номи худро дигар кардам. Яъне, номи нав, зиндагии нав ва фаъолияти нав. Номи Ҷаннатро барои он интихоб намудам, ки воқеан дар ҳаёти баъзе инсонҳо ҷаннат шавам.
—Умуман, чӣ зарурат пеш омад, ки блогериро пеша намоед?
-Ман блогер нестам ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ реклама намегирам. Танҳо мехоҳам як сухани хубе ба мардум расонам ва ниёзмандон онро дар зиндагиашон истифода баранд. Ман дар зиндагӣ азоб кашидаам, ҳатто ба дараҷае расидам, ки дигар зистан намехостам. Вақте рӯй ба китоб овардам ва болои ҳадафҳои худ кор кардам, дар як сол ақидаам тамоман нисбат ба ҳаёт тағйир ёфт. Ҳоло мақсад дорам, ки ба ҷавонон бо вуҷуди мушкилиҳои рӯзгор барои пайдо намудани роҳи беҳтари зиндагияшон кӯмак расонам.
-Аслан, шуморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ маҳбуб кардааст?
-Гуфтани ҳарфи дили мардум. Шояд сабаби маҳбубиятам ҳамин бошад, ки танҳо ман дарду мушкил надорам, нафароне, ки маро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ менамоянд, онҳо низ ба равоншинос ниёз доранд.
-Аз наворҳоятон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум аст, ки ба китобхонӣ завқи беандоза доред. Бештар кадом китобҳоро мехонед?
-Ман ҳар рӯз 50 саҳифа китоб мехонам ё як китоби савтӣ гӯш мекунам. Агар рӯзе китоб нахонам, фикр мекунам он рӯз бадтарин рӯзи ҳаётам аст. Аз кӯдакӣ ба китобхонӣ шавқ доштам. Дар аввал китобҳои динӣ мехондам, оҳиста-оҳиста ба китобҳои психологӣ гузаштам. Ҳоло китобҳои савтӣ ва хориҷиро аз эҷодиёти Дейл Карнеги, аз китобҳои тоҷикӣ бошад, бештар аз осори Ҷалолиддини Балхӣ баҳра мебардорам. Баъдан китобҳои мативатсионии Саидмурод Давлатовро низ дар рӯихати китобҳоям ҷой додаам.
—Мутолиаи китоб ба шумо чӣ медиҳад?
-Китоб маро ба дунёи дигар мебарад. Ҳангоми мутолиа нерӯ мегирам, бовариям ба худ зиёд мешавад, китоб ба ман ғизои маънавӣ медиҳад.
-Тавсияи шумо ба занҳои ҷавоне, ки дар оғози ҳаёти мустақилона қарор доранд?
-Қабл аз издивоҷ ҷавонон бояд ҳатман ба оиладорӣ омода шаванд. Ба назди равоншинос рафта, ҷавонон хислати занҳоро омӯзанду духтарон бошанд аз мардҳоро. Ҳоло духтари 21-сола ба мо муроҷиат мекунад, ки аллакай ду бор шавҳар карда, ҷудо шудааст. Яъне, ҷудо шудан барои ӯ беҳтарин роҳи гурез аз мушкилот гардидааст. Хуб мебуд, ки пеш аз издивоҷ ҷавонон чорандешӣ кунанд. Мегӯянд, ки агар зиндагии волидайн идеалӣ набошад, фарзандашон ҳам наметавонад зиндагии хуб созад. Аз ин рӯ, агар волидайн издивоҷи номуваффақ дошта бошанд, фарзанд қабл аз оиладоршавӣ бояд китоб хонад, ба равоншинос муроҷиат кунад ва тавсия гирад.
-Барои бунёди оилаи солим зану мард бояд чӣ кор кунанд?
-Ҳамдигарфаҳмӣ, гузашт карда тавонистан, гуноҳи худро ба гардан гирифтан ва аз якдигар бахшиш пурсида тавонистан дастоварди ҳар як зану мард дар пойдор намудани оилаи солим аст.
-Зиндагии муштариёнатон пас аз кӯмаки равонии шумо тағйир меёбад?
— Аксар муштариёни ман занҳои ҷавонанд, онҳо баъд аз муолиҷа мегӯянд, ки ҳатто ба оина нигариста, худро нашинохтаанд. “Хандаовар аст, ки барои як мушкилии кӯчак қариб аз баҳри шавҳару фарзандонам мебаромадам” мегӯянд аксари бонувоне, ки оилаи худро аз парокандагӣ наҷот додаанд.
Маҳз барои ҳамин тоифаи бонувон курсҳои “5 калиди хушбахтӣ”, “Аз ранҷиш то бахшиш”, “Занони зирак” ва чанди дигарро роҳандозӣ намудаам, ки ниёзмандон бо мушкили худ муроҷиат мекунанд.
Сумани Убайдулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ